Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоЗариф Ализода дар Варшава чӣ посух хоҳад гуфт? (Акс ва видео)

Зариф Ализода дар Варшава чӣ посух хоҳад гуфт? (Акс ва видео)

Замоне, ки омбудсмени тоҷик бояд ба суолоти САҲА дар мавриди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон посух гӯяд, толори ҷаласаи ин созмон аз аксҳои маҳбусони сиёсии тоҷик пур шудааст.

Аъзои ҲНИТ бо футболкаҳое, ки дар он аксҳои зиндониёни сиёсӣ наққошӣ шудааст, пушти саҳнаи музокиротро пур кардаанд. Дар аксҳое, ки хабарнигори Паём.нет фиристодааст, намояндагони Тоҷикистон ҳам дида мешаванд, ки дар охири толор ва чанд қадам пештар аз тазоҳуркунандагон нишастаанд.

Дар видеоҳое, ки ширкаркунандагони тазоҳурот мустақиман дар фейсбук пахш мекунанд, дида мешавад, ки намояндагони Тоҷикистон сахт мушаввашхотир шуда, кӯшиш мекунанд дар аксу видео нафароянд.

Чанде қабл мақомоти иддао карда буданд, ки Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ надорад. Худи Ализода, ки инак бояд ба суолоти САҲА посух гӯяд, гуфта буд, ки гурезагони тоҷике, ки ба Аврупо мераванд, сиёсӣ набуда, бо далелҳои иқтисодӣ ҳиҷрат мекунанд. Аммо акнун, замоне, ки қабл аз баромади Зарифӣ толори САҲА пур аз гурезагони сиёсии тоҷик ва аксҳои маҳбусини сиёсӣ шудааст, ӯ чӣ гуна иддаояшро собит хоҳад кард, суоли матраҳ аст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика