Имрӯз дар мурофиаи қазоии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода, дар додгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст, вакили маъруфи дифоъ Бузурмеҳр Ёров ба 25 соли зиндон маҳкум ва амволаш мусодира гардад. Ёров бар асоси бандҳои 189 қисми 2 банди “г”, 247 қисми 2, 307 қисми 2, 307 қисми 1, 340 қисми 2, бандҳои “а”, “б”, “в” айбдор мешавад. Додситон аз қозӣ хостааст хона, мошин, ва мағоза Ёров мусодира карда шавад.
Аммо Нуриддин Маҳкамов, вакили дигари дифоъ бо моддаҳои 189, қисми 2 банди “г”, 247 қисми 4 банди “б”, 307 қисми 2 банди “г” ва 307 қисми 1 муттаҳам мешавад ва айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 23 соли зиндон талаб кард.
Ин дар ҳолест, ки Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик дар Варшава қарор дорад ва бояд ба суолоти САҲА дар мавриди таъқибҳо ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон посух гӯяд.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, масъули департаменти равобити хориҷии ҲНИТ ин пешниҳоди айбдоркунандаи давлатиро “тӯҳфаи мақомоти тоҷик ба САҲА” номидааст.