Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳо12 ҳазор маҳбусро авф интизор аст  

12 ҳазор маҳбусро авф интизор аст  

Дар асоси қонуни авф дар Тоҷикистон зиёда аз 12 ҳазор маҳбус ба озодӣ мебарояд. Хадамоти матбуоти Президинет иттилоъ медиҳад, ки  дар арафаи  25 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Дар лоиҳа аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо ҷазоро адо мекунанд, пешбинӣ гардидааст. Инчунин қисми адонашудаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки аз адои ҷазо бинобар ҷой доштани маҳдудиятҳо озод карда намешаванд, кам карда шавад.
Дар шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки авф дувоздаҳ ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагонро дар бар мегирад. Аз ҷумла зиёда аз се ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи озод карда шуда, зиёда аз чор ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда озод мешаванд. Нисбати доираи васеи маҳкумшудагон муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд татбиқ карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
-занон;
-ноболиғон;
-мардони аз синни 55 боло;
-маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқии атомии Чернобыл зарар дидаанд;
-шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд;
-шаҳрвандони хориҷи.
Инчунин шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Дар лоиҳа аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шуда бошанд ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд низ пешниҳод гардидааст.
Ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, имтиёз дода шудааст. Онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Инчунин, маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муҳлати таъингардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати онҳо то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонун пешбинигардида аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ин меъёр танҳо нисбати онҳое татбиқ намегардад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро ба монанди ҷиноятҳои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноят), таҷовуз ба номус (моддаи 138 Кодекси ҷиноятӣ), ҷиноятҳои ба терроризм ва экстремизм алоқаманд ва дигар ҷиноятҳоро содир намудаанд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидаҳо дар лоиҳа муқаррароте ҷой дорад, ки он нисбати шахсони ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро содир намуда ба шарте татбиқ карда мешавад, ки онҳо зарари моддии расонидашударо пурра барқарор намуда бошанд.  Инчунин нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок ё махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардаанд, нисбати маҳкумшудагоне, ки мутобиқиқисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, амали моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ карда намешаванд.
Дар лоиҳаи пешниҳодгардида ба масъалаи занон ва ноболиғон диққати махсус дода шуд

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика