Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоТуркманҳо боз “рекорд” нишон доданд

Туркманҳо боз “рекорд” нишон доданд

Дар Пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод фурудгоҳеро мавриди истифода қарор доданд, ки сатҳи боми он зиёда аз 700 метри квадратиро ташкил медиҳад ва ба шакли нақшҳои қолини миллӣ оро ёфта, гуфта мешавад, аз нигоҳи наққошӣ собиқа надошта, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шуд.
Барои Туркманистони аз гази табиӣ бой сохтмони ин фурудгоҳи замонавӣ, ки фурудгоҳи байлалмиллалии Ишқобод ном дорад, арзон наафтид, балки барои сохтани он ин кишвар 2 миллиард доллари амрикоӣ сарф намудааст. Роҳхатти парвози ин фурудгоҳ 3800 метрро ташкил медиҳад, ки дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Бинои терминали мусофирон ба шакли як паррандаи болҳояш кушоди омодаи парвоз сохта шуда ва ин терминал имкон дорад дар як соат 2 ҳазор одамро бигузаронад.
Дар расми ифтитоҳи ин иншоот перзиденти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов иштирок дошт. Аммо гуфта мешавад, Туркманистон барои сайёҳони хориҷӣ як давлати бо дарҳои баста боқӣ мемонад ва хоса режими шадиди визавӣ омаду рафт ба ин давлатро хеле мушкил месозад. Ин аст, ки сиёсати худкомаи мақомоти туркман ҳамеша созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро нигарон сохтааст ва дар иҷлосияҳои худ доиман дар танқиди сиёсати шадиди Ишқобод забон мекушоянд.
Коршиносон дар ҳамин ҳол мегӯянд, Туркманистон чун ҳамсоякишварҳояш Тоҷикистону Узбакистон ба бемории гигантамания гирифтор аст ва макомоти кишвар шӯҳрати худро дар сохтмони бузургтарин иншоотҳо мебинанд. Масалан, ин кишвар дар сохтани калонтарин биноҳо, ба мисол бинои бузургҳаҷме аз мармари сафед, байрақи осмонбӯс, маҷмӯаи дар ҷаҳон беҳамтои фаввораҳо, муҷассамаи бузурги перзидентҳои худ ба китоби “Рекордҳои Гиннес” дохил шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика