Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоНуриддин Маҳкамов: Ман барои пули ҳалоли худам мубориза кардам

Нуриддин Маҳкамов: Ман барои пули ҳалоли худам мубориза кардам

Имрӯз вакили дифоъ Нуриддин Маҳкамов, ки додгоҳаш якҷоя бо Бузургмеҳр Ёров баргузор мегардад, имрӯз сухани охирини худро ироа кардааст.

Маҳкамов гуфтааст, ки “Бузургмеҳр аз номи ман ягон мақола нанавиштааст.

Ҳар мақолае, ки нашр мекардам худам менавиштам ва барои пулҳои ҳалоли худам мубориза мебурдам. Он мақолаҳо чор сол пеш навишта шуда буданд ва чӣ гуна мешудааст, ки он замон хусусияти ифротгароӣ надоштаанду вақте ки Бузургмеҳр Ёров боздошт мешавад, мақолаҳои чор сол пешина якбора хусусити ифротгароӣ пайдо мекардаанд?”

Ёдовар мешавем Нуриддин Маҳкамов барои баргардонидани пулҳояш аз додарарӯси Раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода мубориза мебурд. Ҳасан Асадуллозода ба гуфтаи Маҳкамов 400 000 доллари ӯро бо роҳи қаллобӣ азхуд намуда буд. Баъдан Маҳкамов бо сабаби номаълуме аз навиштан алайҳи Асадуллозода даст кашид ва аз сарвазири собиқи Тоҷикистон Яҳё Азимов 2 миллион доллари худро талаб мекард.

Баъди боздошти Бузургмеҳр Ёров Нуриддин Маҳкамов ҳам боздошт шуд ва мурофиаи онҳо якҷоя баргузор мегардад.

Бузургмеҳр Ёров сухани охирини худро фардо, 21 сентябр соати 10.00 ироа хоҳад кард.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика