Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМедонед Омбудсмени Тоҷикистон дар бузургтарин конфронси САҲА чӣ ҳол дошт?

Медонед Омбудсмени Тоҷикистон дар бузургтарин конфронси САҲА чӣ ҳол дошт?

«Вуруд ба талор ва табъи хираи Омбудсмен
Вақте нишасти САҲА дар толор оғоз шуд, қисме аз ҳамон нимасафедпӯҳӯшон оромона вориди толор шуданд. Бо дохил шудани онҳо таваҷҷӯҳи аксари аҳли толор ба сӯи онҳо ҷалб гардид.

Бо дарки масъулият ва реклама чанд нафаре ҳам аз ҳамин нимасафедпӯшон ба хотири муаррифии беҳтар худро дар пушти ҳайъати расмии Тоҷикистон, айнан ҳамон ҷое, ки ҷаноби Омбудсмени тоҷик нишаста буд, расониданд.

Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон, ки иҳтимолан онҷо виҷдонаш каме бедор шуда буд, бо дидани сафҳои эътирозгарон рангаш парид. Чашми эътирозгарон ҳам то охир аз ӯ канда намешуд ва эҳсос мешуд, ки рӯҳан хеле азобҳоеро бо лаззат мечашад.

Ба хусус, вақте ҷондор-муҳофизаш ҳар лазҳа атрофро аз назар гузаронида, ба ӯ гузошир медод, медид, ки писари Саидумар Ҳусайнӣ, ҳамон муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки суди ҳукуматӣ ӯро ба ҳабси абад маҳкум кардааст, дар пушташ рост истидоааст, табъаш хира ва чеҳрааш тиратар мешуд.

Ин буд, ки ҷаноби Ализода худро аз сафи асосӣ ба сафи дуюм қафо кашид, он қадар ба худ ва виҷдонаш гирифтор шуд, ки ҷондораш ҳам ҳоли ӯро дида, нигарон шуд. Аз ҷунбу ҷули ин ҷондор эҳсос мешуд, ки ӯ дар такопӯи роҳи дурусти хориҷ шудан аз ин вазъ шудааст ва маҳз ба ҳамин хотир ду се бор ба назди масъулини кумитаи тадорукотӣ рафту бар мегашт.

Фирори амниятӣ аз чашми дурбин ва пархош бо журналист
Ин ҷондоре, ки эҳтимолан аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и кишвар ҳамчун муҳофизи Омбудсмен омада буд, пач-пач карда, соҷиқ мехоиду пайваста талош мекард, худро аз чашми дурбинҳои мухолифин канор бикашад, аммо ин талошҳояш бенатиҷа анҷом шуд.

Ҷои ӯ дар паҳлӯи ҷаноби Зариф Ализода буд, вале вақте дастгоҳи наворбардориро гирифта ба назди Омбудсмен рафтам, дарҳол аз ҷояш диринг парида, Ализодаро танҳо гузошту худаш ба назди ҷавондухтаре фирор кард, хост дар сояи ҳамон зебодухтар аз чашми дурбин паноҳ бибарад, аммо ин гумонаш ӯро ба иштибоҳ бурд.

Ҳатто ба хотир як аксбардорӣ хост намоишкорона дар толор бо журналист-аксбардори мухолифин дарафтад ва ҳамон ҷо чӣ шӯру мағалеро барпо кунад, аммо муваффақ нашуд. Шиддати қиёмаш он қадар эҳсосӣ буд, ки таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб кард.

Ғурғуркунон чизе ҳам таҳдидам карду ба самти дурбин шитофт, дастгоҳи акоссиро ба худ кашидаму гуфтамаш ҷаноб, ин ҷо Тоҷикистон нест, ки аз зӯр кор бигирӣ, ором бош!

Чанд нафар аз нимасафедпӯшон ҳамчун халосгар дарҳол даст ба кор шуданд, ноилоҷ монда гуфт: “Шумо бо ин коратон ба Ватан хидмат намекунед!” Бадоҳатан яке аз дӯстон барояш ҷавоб дод: “Бо шарофати хидматҳои Шумо ба Ватан ва Миллат мо ба инҷоҳо расидаем!” ва бо ҳамин аз моҷаро халос шудем.»

Амруллоҳи Низом

Журналисти тоҷик

 

*Манбаъ: Сафҳаи фейсбукии муаллиф

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика