Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хостааст, ки аз маҳалли ҳодисаҳо сабтҳои видеоӣ фиристанд.
Ин ниҳоди қудратӣ гуфтааст, сабтҳои видеоии шаҳрвандонеро, ки ба се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол доштаанд, дар сомонаи вазорат нашр мекунад ва беҳтарини онҳо бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешавад. Вазорат ваъда додааст, ки ному насаби муаллифонро маҳфуз медорад.
Аз ин ба баъд бошандагони Тоҷикистон метавонанд аз ҷои ҳодисаҳои ба монанди ҳуқуқвайронкунӣ, қонуншиканӣ аз ҷониби афроди гуногун, ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ, сӯхтор, обхезӣ, заминларза, садамаҳои нақлиётӣ ва дигарон наворҳо бардоранд ва ба унвони ВКД ирсол намоянд. Аммо ВКД Тоҷикистон нагуфтааст, ки чунин наворҳо барои ба ҷазо кашидани ҷинояткорон мавриди истифода қарор мегиранд ё хайр.
Ниҳодҳои қудратии давлатҳои пешрафта кайҳо аз чунин шева истифода мекунанд ва ҳодисаҳои поймол гаштани ҳуқуқи шаҳрвандонро аз видеои ирсолдоштаи мардум омӯхта, ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ВКД ин амалро танҳо барои пур кардани тасмаи сомонаи худ ва ба ин тариб тарғиби ҳарчи бештари корҳои вазорат дар байни аҳолӣ роҳандозӣ кардааст.