Оҷонсии федеролии хабарҳо гуфтааст, ки пулиси шаҳри Санкт Петербург аз хоки қаламрав бадар сохтани муҳоҷирони кориеро, ки қонунҳои ин кишварро поймол кардаанд, муваққатан қатъ намудааст.
Гуфта мешавад, ки пулис барои ихроҷи муҳоҷирон пул надорад. Ҳатто барои омода сохтани ҳуҷҷатҳо дар робита ба берун кардани ашхоси боздоштшуда маблағ намерасад. Ин аст, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирони корӣ теъдоди зиёде дар интизори ихроҷ ба ватан боқӣ мемонанд. Дар боздоштгоҳи муваққатии муҳоҷирони шаҳри Санкт Петербург ҷой намондааст, ки дигар муҳоҷирони ба тозагӣ дастгиршударо ҳабс намоянд, зеро ба ҷои 170 тан ҳоло 270 нафар нигаҳдорӣ мешаванд.
Таъкид мегардад, аз апрели соли ҷорӣ кори муҳоҷират ба ВКДи кишвар вогузор гардид ва барои соли 2016 буҷети давлатӣ барои танзими муҳоҷирати ин ниҳоди қудратӣ маблағ пешбинӣ накардааст. Аз ин рӯ, муҳоҷирони боздоштгардида то соли оянда дар боздоштгоҳҳо боқӣ хоҳанд монд.
Гуфта мешавад, аксари ин муҳоҷирон шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистонанд, ки дар ватани худ бо ҷинояте суд шудаанд ва ё дар Руссия дар пайи ҷонояте боздошт гардидаанд. Мақомоти пулиси шаҳри мазкур ба сафоратҳои ин кишварҳо дар Руссия муроҷиат намудаанд, аммо барои омода сохтани асноди зарурӣ ба ин ниҳодҳо низ маблағ лозим аст. Ин аст, ки пулиси Руссия аз ихроҷи муҳоҷирон то пайдо гаштани маблағи зарурӣ худдорӣ менамояд.