Субҳи имрӯз тоҷикони муқими Лаҳистон дар ҳошияи нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон, гирдиҳамоии эътирозии худро аз сар гирифтанд.
Айни ҳол ин тазоҳурот идома дорад ва дар он аъзои ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва шахсони алоҳида ширкат доранд. Ҳамчунин дар ин гирдиҳамоӣ намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ҳузур доранд. Аз ҷумла Дагир Хасавов, вакили дифоъи рус ҳам ба гирдиҳамомадагон пайваста, айни ҳол дар он суханронӣ карда истодааст.
Раҳбари созмони “ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна” Надежда Атаева низ дар ин тазоҳурот ширкат пайдо кардааст.
Гузориши бештар нашр мешавад.