Додгоҳи шаҳри Душанбе боз идомаи мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба таъхир гузошт.
Қарор буд баъди ду маротиба бо баҳонаҳои дурӯғин, аммо дар асл бо сабаби ҷамъ шудани рӯзноманигорну намояндагони зиёди созмонҳои байналмилал, ба қафо партофтани мурофиа, имрӯз ҳам барои муддати номаълум ба таъхир гузошта шуд.
Имрӯз намояндагони сафорати ИМА-ву Олмон ва САҲА-ву дигар созмонҳои ҳуқуқи башар низ барои ширкат дар мурофиаи Бурузгмеҳр Ёров ҳозир шудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёров ҳатман озод мешавад ва ҳукумати Тоҷикистон дигар роҳе ҷузъ озод кардани вакилони дифоъ надорад. Чун ҳукми зиндон гирифтани Ёрову Маҳкамов фишору таҳримҳо болои режимро зиёд хоҳад кард.
Бо эҳтимоли зиёд то охири ҳафта ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеи боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро эълом хоҳанд кард.
Рустам Тақдирзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои Бузургмеҳр Ёров 25 сол ва барои Нуриддин Маҳкамов 23 соли зиндон бар иловаи мусодираи амволи ононро дархост кардааст.
Вай иттиҳоми ин ду вакили мудофеъро ифротгароӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раисҷумҳур ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар унвон карда, муддаӣ шудааст, ки иттиҳомоти онон собит шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Муаззам Қодирова, вакили мудофеи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо ради ин иттиҳомот гуфтааст, ки раванди такмили парвандаи онон бо нақзи қавонини ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамроҳ будааст.
Қодирова таъкид кард, ки чигуна мешавад, ки ду вакили мудофеи саршиноси ин кишварро ба ифротгароӣ муттаҳам кард дар ҳоле, ки ин ду нафар дар мақолоти худ дар матбуоти Тоҷикистон барқарории адолати иҷтимоӣ дар ин ҷумҳуриро хостор шудаанд.
Бузургмеҳр Ёров, авохири сентябри соли 2015, пас аз онки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боздошт гардид ва барои ӯ парванда ташкил шуд.
Дар паи боздошти Ёров, Нуриддин Маҳкамов ваколати вайро бар ӯҳда гирифт, аммо ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд.
Ин ду нафар токунун ҳеч як аз ин иттиҳомотро напазируфта ва далели боздошти худро сиёсӣ эълом кардаанд.
Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ борҳо аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ва низ вакилони зиндонии дигар — Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Дилбар Додоҷоноваро озод кунанд .
Гуфта мешавад, ки Фахриддин Зокиров ахиран бар асоси қонуни афви умумӣ аз зиндон озод шудааст.