Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар ин авохир воридоти гандум ба ҷумҳурӣ афзуда, баръакс дохил гардидани орд ба бозори кишвар ба таври ҳисшаванда коҳиш ёфтааст.
Бино бар маълумоти ин ниҳод дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 527, 8 тонна гандум ба Тоҷикистон оварда шудааст ва воридоти орд 56, 2 тоннаро ташкил медиҳад. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли рафта воридоти гандум 12,9 дарсад афзоиш ёфта ва орд 36,6 дарсад кам шудааст. Гуфта мешавад, ҳар тоннаи гандуми ба кишвар омада 228 доллари амрикоӣ арзиш доштааст, ҳар тоннаи орд бошад, бар ивази 347 доллар ворид гардидааст.
Мутахассисон мегӯянд коҳиш ёфтани воридоти орд ба он сабаб аст, ки истеҳсоли ин маҳсулот дар худи кишвар афзудааст ва дар ин авохир Тоҷикистон аз хориҷ бо ворид сохтани ашёи хом (гандум) барои заводҳои тавлидгари орди худ иктифо мекунад. Тоҷикистон аз даврони шӯравӣ орду гандумро аз хориҷи кишвар мехарид ва ин раванд то кунун идома дорад. Чунки аксари майдонҳои кишт ба парвариши пахта банд ҳастанд ва ин маҳсулот яке аз даромадҳои миллии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Аммо Узбакистон, ҳамсоякишвари Тоҷикистон тавонистааст, ки бо коҳиш додани майдонҳои васеи пахта истеҳсоли гандумро боло барад ва дар ин самт аз вобастагии мамолики хориҷа раҳо ёбад. Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсояи худ, ки бино бар тақсимоти ноҷавонмардонаи солҳои аввали ҳукумати Шӯравӣ заминҳои зиёди корамро дар ихтиёр гирифтааст, камтар майдонҳои кишт дорад ва бахши аъзами ин кишвар аз қӯҳистон иборат мебошад.
Аммо мутахассисони соҳа мегӯянд, бо истифодаи босамар ва оқилонаи замини мавҷуда ҳам метавонад Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли гандуми худиро афзоиш диҳад ва як навъ воридоти ин маҳсулотро аз хориҷ кам созад. Танҳо ҳукумате лозим аст, ки ба ин самт бештар диққат диҳад ва майдонҳои лалмиро низ ба кор бурда, аз берун шудани асъор ба хориҷа ҷилавгрӣ намояд. Аммо барои ҳукумати Раҳмон ин амал фоидаовар нест, зеро таъкид мегардад, ки аз хориҷ харидани гандум чархаи рӯзгори баъзе мансабдорони кунунии тоҷикро мечархонад. Агар гандуми таҳҷоӣ бештар истеҳсол гардад, аз эҳтимол дур нест, ки курсинишинон аз як манбаи даромади муфт ва бизнеси худ маҳрум бимонанд.