Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор панқ нафар ҷони худро аз даст дода, се нафари дигар мақрӯҳ шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттило додааст.
Ронандаи 23 солаи мошини тамғаи Митсубисӣ Искандари Абдулло дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Навбаҳори ноҳияи Ҳисор қоидаи роҳро вайрон намуда, ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд ба самти муқобили роҳ баромадааст. Дар натиҷа бо мошини тамғаи “Опел” бархӯрда, боиси кушта шудани 5 нафар аз мусофирони он мошину сахт маҷрӯҳ гардидани як нафари дигар гаштааст. Худи Искандари Абдулло ва мусофири дар мошинаш буда ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Ҳамаи кушташудагони мошини “Опел” узви як хонавода будаанд, ки аз ду зани 53 сола, як зани 41 сола ва як зани 47 солаву ронандаи мошин иборат ҳастанд. Як писарбачаи 12 солаи савори ин мошин маҷрӯҳ ба ба беморхона фиристода шудааст.