Пас аз онки ҳукумат дар конфронси Варшава аз мухолифонаш шикаст хурд, ҳоло дар як ҳолати асабоният ва нороҳатӣ қарор дорад. Иқдомҳое, ки то имрӯз кард далели асабонияти шадиди режим аст. Аз ҷумла боздошти хонаводаҳои мухолифон ва чанд рӯз онҳоро дар ҷойҳои номаълум нигоҳ доштан, ташкили ба истилоҳ митингҳои амниятӣ дар пушти хонаҳои мухолифон ва ҳатто сангборони кудаки 10 солаи Шабнам Худойдодова на танҳо далели асабоният, балки далели ваҳшонияти ин режим аст.
Аммо баъд аз онки ҳайати ҳукумат шармандавор Варшаваро тарк намуд, ҳукумат эҳтимоли зиёд ба чанд амал даст хоҳад зад.
- Баъзе аз наҳзатиҳоро маҷбур хоҳад кард, ки бар алайҳи ҲНИТ сухан бигуянд. Аз ҷумла эҳтимоли зиёд меравад, ки ба зуди Зарафо Раҳмонӣ, Аббос Раҷабзода, Илҳом Беков, Ҷунун ва дигарон дар сомонаҳо ва телевизионҳо баромад намуда фармудаҳои амниятро қироат намоянд ва ё тутивор суҳбат кунанд. Дар ин бора маълумоти таъйиднашудае ҳам ҳаст.
- Видеоҳое аз хонаводаҳои мухолифон нашр хоҳад шуд, ки онҳо хоҳанд гуфт аз кори фарзандонашон розӣ нестанд ва маҷбуран аз “Пешвои миллат” ҳам таърифу тамҷид хоҳанд кард.
- Аз тарафи дигар вазъияти зиндониёни сиёсиро бадтар намуда, дастарсии хонаводаҳоро ба онҳо маҳдуд намоянд.
- Мисли чанд рӯзи гузашта дар тамоми мактабу донишгоҳҳо дар бораи мухолифин нишастҳои «фаҳмондадиҳӣ» мегузаронанд. Эҳтимолан аз номи ҷавонону занони лаби обу Бобои Файз ҳам баёнияҳо нашр мекунанд.