Амрико аз гузоришҳо дар мавриди вафоти модари Абдусамад Абдусатторов, яке аз иштирокчиёни конфронси САҲА бар асари фишорҳои мақомоти тоҷик ва ҳамла ба духтари Шабнам Худойдодова, яке аз фаъолзанони мухолифин изҳори нигаронӣ карда, онро мухолиф ба уҳдадориҳои САҲА унвон кард.
Имрӯз, 23-юми сентбяри соли 2016, сафир Майкел Козак, яке аз масъулони намояндагии ИМА дар назди САҲА ва роҳбари ҳайати Амрико бо қироати баёнияе дар ҷаласаи васеъи имрӯзи САҲА, ки дар мавриди қонунмеҳварӣ аст, гуфт: “Мо гузоришҳои ташвишоваре шунидем, ки мақомоти Тоҷикистон қасосгириро аз аъзои хонаводаи иштирокчиёни конфронси байналмилалии САҲА дар Варшава, аз ҷумла боздошту таҳқиқи хешовандонро шуруъ карданд.
Ӯ афзуд: “Бино ба гузоришҳо, модари яке аз ширкаткунандагон бар асари сактаи қалб дар натиҷаи чунин бархурд даргузашта, ба як духтари 9-сола ҳамла сурат гирифтааст. Ин мухолифати шадиди Тоҷикистон ба уҳдадориҳои САҲА мебошад.”
Ин намояндаи аршади Амрико ҳамчунин дар мавзуъи маҳбусони сиёсии тоҷик гуфт: “Вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Ҷамшед Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи аъзои ҳизби мухолиф зиндонӣ шуданд.”
Ҷаноби Коза низ қайд кард: “Муҳокимаи Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигарон дар пушти дарҳои баста бо қонунвайронкуниҳое, монанди набуди дастрасӣ ба мушовири ҳуқуқӣ, мухолиф ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар аст.”