“Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон изҳори назарҳои намояндагони гурӯҳҳои мухолифро такзиб карда, онҳоро ба дасиса муттаҳам кардааст. Дар ин баёния, аз ҷумла ба боздошти вакилони мудофеъи аъзои зиндонии ҲНИТ ҳам ишора шуда ва омада, ки аъзои ин ҳизб 16 вакил доштанд ва танҳо ду нафари аз онон ба далоиле, ки рабте ба қазияи ин ҳизб надорад, боздошт шудаанд.”
Ҳайати намояндагони давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар эътироз ба ҳузури мухолифон ҳамоиши САҲА дар Варшаваро тарк карданд.
Ба гуфтаи масъулони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, аъзои ҳайати Тоҷикистон субҳи имрӯз, 23 сентябр, пас аз қироати баёнияе толорро ба нишонаи эътироз тарк кардаанд.
Илова бар ҳайати ҳукумати ҶТ, шуморе аз мухолифони ҳукумат дар табъид низ ба ин ҳамоиш даъват шуда буданд.
Дар ин баёния, ки дар сайти САҲА мунташир шудааст, омада, ки ҳайати Тоҷикистон аз ҳузури афроде, ки “муртакаби ҷиноятҳо ва таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд” дар ҳамоиши абъоди инсонии САҲА, “ҷиддан нигарон аст.”
Ҳамоиши абъоди инсонии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 19 сентябр шуруъ шуда ва қарор аст то 30 сентябр идома ёбад. Дар ин ҳамоиш ҳайатҳое аз кишварҳои узви ин созмон фароянди иҷрои тааҳҳудоти ин кишварҳо дар заминаи ҳуқуқи башар ва масоили дигарро баррасӣ мекунанд.
Дар рӯзҳои гузашта, шуморе аз фаъолони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба вежа Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, дар маҳалли баргузории ҳамоиши САҲА таҷаммуъ карданд ва шуморе аз онҳо бо либосҳои ҳовии тасовири чанд тан аз роҳбарони зиндонии ин ҳизб дар дохили толори ҳамоиш ҳузур ёфтанд.
Ҳамчунин, бархе аз шахсиятҳои мухолиф алайҳи ҳукумат ҶТ ва нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар суханронӣ карданд.
Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон изҳори назарҳои намояндагони гурӯҳҳои мухолифро такзиб карда, онҳоро ба дасиса муттаҳам кардааст. Дар ин баёния, аз ҷумла ба боздошти вакилони мудофеъи аъзои зиндонии ҲНИТ ҳам ишора шуда ва омада, ки аъзои ин ҳизб 16 вакил доштанд ва танҳо ду нафари аз онон ба далоиле, ки рабте ба қазияи ин ҳизб надорад, боздошт шудаанд.
Интиқоди ИМА аз “озори” хонаводаҳои мухолифон
Дар ҳамин ҳол, Дафтари намояндагии Амрико дар САҲА гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, ду вакили мудофеъ ба далели ҳимояти қазоӣ аз мухолифони ҳукумат зиндонӣ шудаанд.
Намояндаи Амрико аз муҳокамаи ғайриалании аъзои аршади ҲНИТ ва рафторҳои “ғайриқонунӣ”, аз ҷумла маҳрумияти онҳо аз дастрасӣ ба вакилони мудофеъ, ки муғоир бо тааҳҳудоти Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар аст, интиқод кардааст.
Намояндагии Амрико дар САҲА аз гузоришҳое мабнӣ бар таҳдид ва боздошти аъзои хонаводаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҳамоиши Варшава ширкат доштанд, ибрози нигаронӣ кардааст.
Бар асоси гузоришҳо, шуморе аз бастагони ширкаткунандагон дар ҳамоиши Варшава боздошт ва таҳдид шудаанд. Аз ҷумла, як сайти муртабит бо ҲНИТ гузориш дод, ки модари яке аз фаъолони ин ҳизб дар пайи фишори маъмурони амниятӣ дучори сактаи қалбӣ шуда ва ҷони худро аз даст додааст.
Дар рӯзҳои гузашта, Дидабони ҳуқуқи башар низ бо пахши баёнияҳое аз ҳукуматҳои шарики Тоҷикистон хостааст, ки мақомоти ин кишварро бо таҳдид таҳрим водор ба риояти ҳуқуқи башар ва озодии зиндониёни сиёсӣ созанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон, шуморе аз фаъолони ҲНИТ-ро дар моҳи май ба ҳабси тулонӣ маҳкум кардааст. Ду тан аз муовинони ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Ҳамчунин, боздошт ва зиндонӣ шудани шуморе аз вакилони мудофеъи ин афрод ҳам ба интиқодҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башар доман задааст.
Таҷаммуъи эътирозӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз ҳамчунин шуморе аз ҷавонон, ғолибан донишҷӯёни тоҷик, дар эътироз ба даъват аз мухолифон (барои ширкат дар ҳамоиши САҲА), муқобили дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе даст ба тазоҳурот заданд.
Ин гурӯҳ, ки худро тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, муаррифӣ кардаанд, САҲА-ро ба дунбол кардани сиёсатҳои дугона ва ҳимоят аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мамнуъ дар Тоҷикистон муттаҳам кардаанд.
Ин афрод ҳамчунин постерҳои ҳовии акси Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари табъидии Ҳизби мамнуъшудаи “Наҳзати исломӣ”, Додоҷон Атоуллоҳ, рӯзноманигори табъидӣ ва роҳбари ҷунбиши “Ватандор” ва Шарофиддин Гадоев, аз фаъолони эътилофи мавсум ба “Гурӯҳи 24”-ро муқобили дафтари САҲА ба оташ кашиданд.»
ВВС-и форсӣ,
23.09.16
*Баргардонанда ба хати тоҷикӣ: Паём
** Ин назари хабаргузории аст ва зарур нест бо назари Паём ҳамранг бошад