Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоДар Қазоқистон аз никоҳи мусалмонӣ нигаронанд

Дар Қазоқистон аз никоҳи мусалмонӣ нигаронанд

Дар Қазоқистон никоҳи мусалмониро дар масоҷид бидуни надоштани шаҳодатномаи акди никоҳи давлатӣ, ки дар дафтари идораҳои марбута қайд мешавад, мамнӯъ эълон намуданд.


Габит Алмазбек, муовини аввали Кумитаи дини назди вазорати кор бо дину ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон гуфтааст, ки ин ниҳод ба тамоми масоҷиди қаламрав дастур додааст, ки аз никоҳи шаҳрвандоне, ки дар даст шаҳодатномаи сабти никоҳи шаҳрвандӣ дар органҳои ҳукуматӣ надоранд, худдорӣ намоянд. Вай таъкид кардааст, ки масҷидҳо пас аз хондани никоҳи навхонадорон гувоҳномае намедиҳад ва ин ҳукми қонунӣ надорад. Шояд дар вақту замоне никоҳи мусалмонӣ ҳукми қонунӣ дошт, аммо ҳоло бидуни шаҳодатномаи никоҳи органҳои ҳукуматӣ хондани никоҳ аз нигоҳи шариати исломӣ бисёрзаниро дар ҷомеа ривоҷ медиҳад, ки қонунҳои кишвар онро иҷозат намедиҳанд.


Омори расмии Қазоқистон ҳокист, ки дар даҳ соли охир никоҳи мусалмонӣ дар байни аҳолии қаламрав нуфузи бештар пайдо кардааст ва дар ин муддат ҳудуди 30 000 нафар навхонадорон дар масоҷид никоҳи худро хонондаанд. Гуфта мешавад, мақомоти Остона аз он нороҳат гаштаанд, ки қисмати бештари шаҳрвандоне, ки аз никоҳи мусалмонӣ гузаштаанд, ҳангоми ҷудоиҳо наметавонанд дар додгоҳҳо аз ҳуқуқи худ дифоъ намоянд ва бештар занон аз ин ҷабр мебинанд. Дар тақсими молу мулк ва ояндаи фарзандони ноболиғ якдигарнофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, боиси дилхирагиҳо мегардад.


Гуфта мешавад, дар қонунҳои Қазоқистон никоҳи мусалмонӣ қонунӣ ҳисобида нашудааст ва шаҳрвандон аз он ба ҳайси суннатҳои аҷдодӣ истифода мекунанд.


Дар ҳамин ҳол созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар ин робита садо баланд кардаанд ва гуфтаанд, ки аз суиистифода аз никоҳи мусалмонӣ қисмате аз мардуми доро ба сафи занҳои худ афзудаанд ва ҳатто ҳодисаҳое ҳем кам нестанд, ки духтарони ноболиғро ба никоҳи худ дароварда, қонунҳои ҷориро поймол месозанд.


Дархости никоҳ дар масоҷид бидуни шаҳодатномаи сабти никоҳи шаҳрвандӣ дар органҳои ҳукуматӣ дар таҷрибаи давлатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ як воқеаи нав нест. Масалан, Узбакистон панҷ сол пеш аз ин муллоҳои никоҳхонро водор сохта буд, ки бидуни шаҳодатномаи никоҳи ҳукуматӣ никоҳи навхонадоронро нахонанд. Дар акси ҳол ба ҷаримаҳои ҳангуфте рӯбарӯ хоҳанд гашт. 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?