Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро ҳайати Тоҷикистон аз Варшава фирор кард?

Чаро ҳайати Тоҷикистон аз Варшава фирор кард?

Пас аз чаҳор рӯзи кашмакаш бо мухолифин ва мудофеъони ҳуқуқи башар, ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ин нишастро гӯё бо “нишони эътироз” тарк кард. Аммо воқеъан рафтани онҳо чӣ хеле, ки худашон даъво мекунанд, бо нишони эътироз буд ё фирор?

Чаҳор рӯзи ин нишасти САҲА нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо як ҳайати номувофиқро бидуни тайёрӣ ва пешбинии воқеъиятҳо ба Варшава фиристодааст, балки аслан ҳеҷ интизорие аз таҷаммӯъ ва ҳаракоти мухолифин надоштааст. Ва ҳатто он ниҳодҳое, ки муваззаф шудаанд дар ин нишаст ширкат ва аз мавқеъи Тоҷикистон дифоъ кунанд, ё ҳеҷ тайёрие ба он надидаанд ва ё масъулинаш ба дарки одитарин масъалаи сиёсӣ намерасидаанд. Ва яке аз ин ниҳодҳо Додситонии кул аст, ки зарбаи ҷуброннопазире ба обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ зад, ки бар ин масъала дар зер бармегардем.

Ҳайрат ва даступохӯрии намояндагони Тоҷикистон аз воридшавии мухолифин бо аксҳои зиндониён ва қурбониёни режим ба толори маҷлис дарак аз он медиҳад, ки онҳо на танҳо чунин иқдомеро пешбинӣ накарда буданд, балки аслан намедонистанд, ки чунин як коре имкон дорад.

Онҳо, ки одат кардаанд дар маҷлисҳо бояд чизе гуфта шавад, ки аз боло тасдиқ шудааст ва ҳеҷ кас ҳаққи доштани фикри худро надорад, куҷо расад ба эътироз, аз куҷо донанд, ки дар Аврупо ба ҳаққи дифоъ аз худ ва озодии баён эҳтиром қоиланду метавонанд барои дифоъ аз ин усулҳои демокросӣ протоколи ҷаласаро ҳам нодида гиранд.

Зоҳиран ҳукумат гумон дошт тазоҳуроти мухолифин бо ҳамон рӯзи аввал тамом мешавад ва нишаст мисли ҷаласаҳои худашон тибқи протокол ва баромадҳо аз рӯи қоғаз ҷараён меёбад. Аммо ба назди баландгӯяк роҳ ёфтани мухолифин ва дифоъи ширкаткунандагону садорати ҷаласа аз онҳо, ҳайати Тоҷикистонро батамом сардаргум кард. Ба назар мерасид ҳатто дар худи Душанбе ду рӯзи аввал намедонистанд чӣ кор кунанд, чун ҳар ним соат, ки Ализода ба утоқи хобаш барои зангзанӣ ба Душанбе мерафт, афсурдатар бармегашт. Танҳо дар се соати рӯзи дуввуми нишаст ӯ ва намояндаи додситонӣ 6 маротиба (!) ба берун баромаданд.

Дар баёнияе, ки ҳайати Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, ки онҳо бо вуҷуди номувофиқиашон ба ширкати мухолифин дар нишаст, таҳмилгароёна амал кардаву чаҳор рӯз сабр кардаанд, вале намояндагони ҲНИТ бо ин даъво, ки гӯё аҳли хонаводаашон дар кишвар боздошт шудаанд, “хати қирмизро убур карданд” ва ҳайат дигар наметавонад дар чунин ҷаласае ширкат кунад. Яъне боздошти даҳҳо нафар бо шумули занону кӯдакону мӯйсафедон хати сабз будаасту эълони он хати қирмиз.

 

Биёед бубинем,  хати қирмизро кӣ убур кардааст

Бо вуҷуди шиканҷаву таҳдид дар ватан ва фишори равонӣ дар хориҷ, ки мухолифон бо таҳдиду фишорҳо болои хонаводаашон гирифтанд ба ҳеҷ амали эҳсосотие даст назаданд, дар ҳоле, ки ин ҷавонон метавонистанд ҳадди ақал намояндагони Тоҷикистонро таҳқиру дашном кунанд, чун фишори сахти равонӣ метавонад ҳаракоти инсонро аз қолаб хориҷ кунад. Баръакс, Зариф Ализода эҳсосоти шуда буд, ки ҳатто ҳангоми сӯҳбаташ дар ҷаласа садояшро баланд мекард ва ба мусоҳибонаш метохт. Гузашта аз ин ҳуқуқшинос, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар як кишвар, раҳбари ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар нишасти САҲА оид ба ҳуқуқи инсон ба худаш иҷоза дод назди баландгӯяки ин созмон Бузургмеҳр Ёровро ба гирифтани пора аз 50 нафар гунаҳкор кунад, дар ҳоле, ки ҳанӯз мурофиаи ӯ давом дорад ва додгоҳ ӯро ҷинояткор нахондааст. Эҳсосотӣ будани Ализода аз баҳсаш бо Дагир Хасавов, вакили дифои рус ҳам бармало шуд, ки ба ӯ гуфт “ман нафаҳмидам ту мусалмонӣ ё адвокат”. Баъдан Ализода бо дифоъи худфидоёнааш аз ҳукумат ва дурӯғпароканиҳояш дар бораи вазъи маҳбусин собит кард, ки ӯ аслан намедонад вазифаи омбудсмен чист.

 

Хати қирмизи дигарро додситонӣ убур кард.

Замоне, ки дар Варшава вазъи ҳуқуи башар, аз ҷумла боздошти Бузургмеҳр Ёров баррасӣ мешуд, айбдоркунандаи давлатӣ, яъне намояндаи додситонӣ дар додгоҳ, аз додрас 25 соли зиндон барои Бузургмеҳр талаб кард. Ва ин талаби додситон яке аз баррасишавандатарин масъалаҳо дар нишаст гашт. Намояндаи додситонӣ дар нишаст бошад, на танҳо аз хатои додситонӣ дифоъ карда натавонист, ӯ аслан ду ҷумларо ба ҳам пайваста наметавонист ва ҳатто вақте аз варақ гузоришашро мехонд дар як ҷумла чор хато кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бошад, ба назар мерасид аслан намедонад, ки хати қирмиз чист. Ин кумита надониста наметавонад, ки имкони ба гӯши ҷомеъаи ҷаҳонӣ нарасидани дар як рӯз боздошт намудани аъзои даҳҳо оила дар асри интернет ва технолоҷӣ ба сифр баробар аст. Ва масъулини ин кумита ҳам медонистанд, ки байни мухолифин нафароне ҳастанд, ки ҳеҷ фишоре онҳоро аз роҳашон бар нахоҳад гардонд ва онҳо масъалаи боздошти хонаводаашонро ба ҷаласаи САҲА хоҳанд кашид. Ва бояд медонистанд, ки агар фаразан ҳама мухолифин тарсиданду сукут карданд, САҲА сукут нахоҳад кард. Бо вуҷуди ин Кумита кореро кард, ки кард. Агар қаблан аз ваҳшонияти ин кумита танҳо мардуми Тоҷиикистон ва коршиносони хориҷии Тоҷикистон огоҳ буданд, худи КДАМ бо ин иқдомаш дар замони баргузории нишасти САҲА тамоми ҷаҳонро огоҳ кард. Баъдан ин кумита ба нишаст нафареро фиристода буд, ки дар шиканҷаи мухолифин даст дошт ва аз қазо нафаре аз шиканҷашудаҳо дар ҷаласа ҳузур пайдо карду ӯро шинохт. Ҳузури минбаъдаи ин корманди КДАМ дар нишасти САҲА ба худкушӣ баробар шуд.

Бо вуҷуди талабҳои зиёди ҳайати Тоҷикистон на танҳо ба баромади ҳеҷ нафаре аз мухолифин монеъа эҷод нашуд, балки вақте намояндаи Тоҷикистон баромад мекард, масъулини ҷаласа дар экрани бузурги толор филми шиканҷа дар Тоҷикистонро намоиш медоданд. Дар ҳамин ҳол дар нишасти сарироҳие дар Душанбе намояндаи САҲА амдан ё тасодуфан ба нишастагон, ки байнашон ҳатман корманди ғайриштатии КДАМ вуҷуд дошт, эълон кард, ки мухолифин барои 28-уми сентябр сюрпризи бузурге ба ҳукумати Тоҷикистон омода кардаанд. Ба мо маълум нест оё воқеъан сюрпризе омода шудааст ё на ва агар ҳам омода шудааст, чӣ сюрпризе аст, вале замоне, ки ҳар баромади мухолифин ба ҳайати Тоҷикистон сюрприз мешуд, мақомот наметавонистанд ба ин хабар таваҷҷӯҳ накунанд.

Ҳамаи ин сабабҳо боис шуданд аз Душанбе, бо гумони ғолиб дар баландтарин сатҳ, ба Ализода супориш диҳанд бору бағоҷашро ҷамъ кунад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?