Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдӯғон аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба размандоагони курд силоҳҳои замонавӣ мефиристад ва ба ин шева суботро дар минтақа таҳти суол мебарад.
Эрдӯғон дар он бовар аст, ки мусаллаҳони курдӣ бо истифода аз ин силоҳҳо муқовимати худро идома медиҳанд ва даст ба ҷиноятҳои сангин мезананд. Аммо Амрико огоҳона ин ҷангараҳоро мусаллаҳ месозад, то ба аҳдофи худ бирасад.
Туркия ҳамеша муқобили курдҳои ҷудоихоҳ мубориза мебарад ва ҳаракати онҳоро аз созмонҳои тундгарою эксремистӣ кам намедонад. Президенти Туркия гуфтааст, ки ИМА ду ҳавопаймои ҳомили силоҳро ба Воҳиди ҳифозат аз мардум ва шохаи он Ҳизби иттиҳоди демократӣ ба шаҳри Кубонии Сурия фиристодааст.
Туркия ин ҳизб ва размандагони онро аз шарикони наздиктарини Ҳизби коргарии Курдистон ҳисобида, ҳамагуна кӯмакҳоро аз ҷониби мамолики хориҷӣ ба вай иқдом алайҳи худ медонад. Зеро ин кишвар солҳост, ки алайҳи Ҳизби коргарии Курдистон мубориза бурда, намояндагони онро дар ташкили амалиёти террористӣ алайҳи мардуми осоишта, ки паёмадҳои хунин доштааст, муттаҳам мекунад. Амрико мегӯяд, ин созмону ҳаракатҳоро барои мубориза алайҳи ифротгароҳои минтақа истифода мекунад ва аз ин хотир бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин месозад.
Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфтааст, ки ин масъаларо бо Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико муҳокима намудааст ва аз оқибатҳои ғамангези ин иқдом ҳушдор додааст. Аммо Ҷо Байден гуфтааст, ки аз ирсоли ҳавопаймои пур аз силоҳ барои размандагони курд аз ҷониби кишвараш комилан бехабар аст.