Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоХудкушӣ дар Суғд рӯ ба афзоиш аст

Худкушӣ дар Суғд рӯ ба афзоиш аст

 Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов дар ҷаласае изҳори назар кардааст, ки худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар байни мардуми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба таври нигарон кунанда боло меравад. Вай афзудааст, рӯзе нест, ки як нафар қасди худкушӣ накунад.

Воҳидов ин нуктаро дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳор доштааст ва таъкид кардааст, ки дар Суғд назар ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ сатҳи худкушӣ боло меравад.

Ин ҳодисаи нангин дар солҳои қаблӣ низ дар ин вилоят ҷой дошта, аммо дар давоми даҳ соли охир ба таври ҳисшаванда боло меравад. Прокурори вилоят дар он назар аст, ки сабабҳои ҳамаи ҳодисаҳои худкуширо мушаххас сохтан имкон надорад, аммо то ҷое ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят муайян сохтаанд, омилҳои равонӣ, ки ба сиҳатии одамон вобаста аст, яке аз сабабҳои умдаи худкушӣ мебошад. Ҳодисаҳое ҳам ҷой доштаанд, ки баъзе афрод аз мастӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Дар маҷмӯъ асрори худкушии мардум ҳанӯз дақиқ нест. Ҳабибулло Воҳидов аз кори баъзе идораҳои ҳукуматӣ интиқод намуд, ки вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро намекунанд. Вай афзудааст:

“Муассисаҳо ва сохтору идораҳои дахлдор дар самти пешгирии ин ҳодиса вазифаи қонунии худро ба таври зарурӣ иҷро намекунанд”.

Аммо прокурори вилояти Суғд нагуфтааст, ки кадом идораву муассисаҳо дар ин самт аз вазифаҳои худ сарпечӣ мекунанд ва ин бадбахтона боиси худкушии мардум мегарад. Воҳидов ҳини маърӯзаи худ гуфтааст, ки танҳо соли гузашта дар вилояти Суғд 300 ҳолати худкушӣ ба қайд омадааст ва ин боиси нигарониҳост.

Назар ба маълумоти ниҳодҳои мустаъқил аксари ҳолатҳои худкушӣ ё сӯиқасд ба ҷони худ дар байни ҷавонон мушоҳида мегарданд ва инро мутахассисон ба шароити нохуби зист ва зиёд будани мушкилот дар байни насли наврас вобаста медонанд.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки аз дину диёнат маҳрум сохтанҳо ва аз остони масҷидҳо дур нигаҳ доштани ҷавонон ба он овардааст, ки онҳо аз оддитарин масъалаҳои динӣ бехабар бимонанд. Аз ҷумла, гуноҳи азим будани қасд ба ҷони худро дарк намекунанд ва ин гуноҳро дар назди парвардигори худ саҳл меангоранд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика