Дирӯз гурӯҳи митингчиёне, ки дар назди хонаи С. Ҳусайнӣ доду вой карданду демократияи диктатории Раҳмонро ба намоиш гузоштанд, аз онҷо ба суи хонаи устоди марҳум С. А. Нурӣ ҳаракат намудаанд. Дар назди хонаи устод Нурӣ ҳам шиорҳои худро такрор намудаанд. Пас аз баромадани як нафар аз хона ва суҳбат кардан, ин гурӯҳи 20 нафара аз онҷо пароканда шудаанд.
Аммо ба назар мерасад ин кор оташи кинаву нафрати аҳдшиканонро хомуш накард. Зеро онҳо ҳангоми бегоҳ як гурӯҳи калонтарро ба хонаи яке аз имзокунандагони паймони сулҳ фиристоданд. Онҳо ҳамон шиорҳои ҳамешагии худро сар доданду ҳамаро хоин гуён ҳатто ба дохили хонаи устоди марҳум ворид шуданд. Ба назар мерасад ин тоифаи ҷангҷу ҳатто аз имзои сулҳ ҳам хашмгинанд.
Ҳоло миллати сарбаланду хирадманди мо худаш метавонад хуб бифаҳмад, ки нооромии кишварро кӣ мехоҳад? Устод Нурие, ки сулҳро имзо карду дар роҳи сулҳ ҷонашро ҳам фидо кард, ё оне, ки сулҳро барои аз худ кардани қудрат ва ғулом кардани мардум истифода намуд.
Мардуми азизи мо имрӯз дигар мисли солҳои 92 нестанд, ки бо таҳрики чанд ҷавони масту чанд зани бероҳа дар назди сафоратхонаҳову хонаҳои мухолифон ва бо намоишҳои сохтакорона ба сару руи мардум асфалт рехтани амният бовар кунаду бозичаи дасти онҳо шавад.
Имрӯз асри интернет асту мардум хуб медонад, ки ҷангталабу қудратталабу ҷинояткор кист!
Мардум хуб медонад, ки қудратталабу хиёнаткор ба сулҳу ватану миллат кист!
Мардум худаш ҳар рӯз мебинад, ки кӣ замини Ватанашонро ба бегона мефурушад!
Мардум ҳар рӯз мебинад, ки кӣ бо фиребу дурӯғ роҳашонро пулакӣ мекунаду пули бо хуни ҷигар фиристодаи муҳоҷирони бечораро бо номи андозу бо ришва гирифта ба банкҳои хориҷӣ мебарад!
Мардум худаш дидаистодааст, ки бародари Абдуфатоҳи Ғоиб ришва мегираду озодона мегардад, бародари Мансур Умаров ва Ятимов бо чандин килло Ҳероин боздошт мешаванду баъди чанд моҳ озод мегарданд, писарони Ҳукумов, Э. Раҳматулло ва Давлатали одамонро пахш карда мекушанду озодона мегарданд.
Ҳамаи инро мардум мебинаду медонад. Шумо ҳаргиз наметаонед ин мардумро фиреб диҳед! Ин мардум дигар ба шумо бовар надорад ва фиреби шуморо нахоҳанд хурд!
Агар имрӯз донишҷӯёнро маҷбур мебаред, аммо онҳо худашон медонанд, ки ин ҳама дуруғ аст. Пас бас кунед ин ҳама хиёнату фиребу дуруғатонро!