Дирӯз дар як сайт навиштаи Сафватро хондам, ки мисли ҳамеша оригинально навиштааст. Мо бо Сафват дӯсту ҳамкорем ва шояд аз навиштам шиносад. Ақалан мисли у дар Украина ё Бишкек мебудам, номи аслиамро ҳам менавиштам. Чӣ кунам, ки дар ватанам ва мунтазир, ки кай Сафват даъват мекунад пешаш, то якҷоя равем дуртар.
Сафват »разбор полетов» кардааст корҳои охири ҳукуматро. Беҳтараш »разбор падений» мегуфт. Ҳолати ҳукумат дигар »турбулентность» нест дӯстам, ками кам »аварийная посадка» бояд бошад. »Чёрный ящик”-ро ки ёфтӣ, баъд » разбор» мекунем, ки капитан маст буд ё ҳушёр вақти парвоз.
Аммо чанд савол ба худи Сафват. Дар бораи он, ки Президентро ба маҳвшавӣ тела накунанд атрофиёнаш ва аз ӯ демон насозанд.
Оё ҷиддӣ фикр мекунӣ, ки ҳамин хел аст? Ман бовар надорам, ки фикри шахсиат чунин бошад.
Одами содда ку нестӣ? Не. Худатро содда вонамуд мекунӣ? Шояд.
Фикр намекунӣ, ки ману худат ва даҳҳо кас мисли мо бо ҳар баҳонаву далел қариб 15 сол аст аз демон малоика тарошиданӣ мешавем? Зӯр мезанем, андова мекунем, краскаву макияж мекунем. Атрофиёнро гунаҳкор, вазиронро бесалоҳият, мушовиронро бефаҳм мегӯем. Дурӯғ ҳам намегӯем. Вале проблема фақат дар ҳаминҳост? Не, дӯстам. Худат ҳам медонӣ, ман ҳам медонам, ҳама ҳам медонанд, ки проблема где! Ману ту зӯр мезанем барои сафед кардан, ин мардаки хуб ҳамаи кори моро ду пул мекунад.
Ақалан, гапи навиштагии ҳамон спичрайтерҳояшро хонаду аз худаш чизе илова накунад, ману ту ҳам сурх нашуда сафед карда метонем. Фалонӣ навишту бисмадонӣ машварати бад дод. Худаш мегӯяд-ку? Худаш имзо мекунад-ку?
Лекин дар охир ишораи хуб кардӣ: “Ӯ як тоҷик буд. Омода буд ҷонашро бидиҳад.” Ҳоло чӣ? Омода аст ҷони ҳамаро бигирад, фақат онҷо бимонад. Ё не?
Хорошего полёта, дӯстам и мягкой посадки.
Одил Азиз