Дар маъракаи пахтачинӣ ба ҷуз аз хонандагони дабистону кормандони кӯдакистонҳо, донишомӯзони коллеҷу донишгоҳҳо ва ходимони идороти давлатӣ имомхатибони масҷидҳо низ ҷалб мегарданд.
Нашрияҳои мустақил хабар медиҳанд, ки мақомоти Узбакистон барои тарғиби ғунучини пахта аз минбари масоҷиди кишвар истифода мекунанд. Дар масоҷиди ҷомеъи Ӯзбакистон дар рӯзҳои намози ҷумъа аз намозгузорон дархост шудааст, ки ба мавсими ҷамъоварии пахта аз наздик кӯмак кунанд. Имомхатибон пахтачиниро амри воҷиб шуморидаанд ва якҷо бо ин аз намозгузорон хостаанд, ки ба ин мавсими барои ватан муҳим эҳсони худро дареғ надоранд.
Таъкид мегардад, ки Идораи динии мусалмонони Ӯзбакистон бо ирсоли номаҳои махсус аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи қаламрав талаб намудааст, ки дар мавъизаҳои худ дар бораи пахта ва дороии миллӣ будани он сухан кунанд. Аз ҷумла дар масҷиди Ҳазрати Алии шаҳри Тошканд дар ин робита ваъзҳо хонда шуда, пахта чидан ба амри воҷиб баробар дониста шудааст. Инчунин масоҷиди ин кишвар водор гаштаанд, ки як қисмати хайру эҳсони мардумро ба пахтачинҳо ирсол намоянд.