Дошинҷӯёни азиз!
Чанд рӯз аст, ки расонаҳои кишвар, ба хусус расонаҳои давлатӣ аз шумо қаҳрамон метарошанд. Ва сабаби ин қаҳрамонтарошӣ тазоҳуроте аст, шумо дар донишгоҳҳо ва назди хонаи мухолифин “ихтиёран” анҷом медиҳед.
Дар аввал мо аз ин иқдоми шумо хеле дилсард шудем. Сабабашро поёнтар хоҳем гуфт. Вале аз рӯзи дуввуми оғози ин “тазоҳурот”-и шумо ба мо паёмҳое расиданд, ки боиси каме дилгармиамон шуд. Ва агар ин паёмҳо намерасиданд, шояд андешаи навиштани ин муроҷиат ҳам пайдо намешуд. Рӯзи дуввуми “эътироз”-ҳои шумо буд, ки нафаре, донишҷӯи худшиносу бедоре паёме аз дохили он “эътироз” ба мо навишт: “Моро амниятиҳо маҷбурӣ ба назди хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ оварданд, ки митинг кунем. Лекин аксарият зидди ин митинг ҳастанд, аммо маҷбурӣ омаданд. Чунки агар наоем моро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Илтимос ба фарзандони акаи Сайидумар расонед, ки аз мо хафа нашаванд”.
Мо расондем. Ва онҳо аз шумо хафа нестанд. Вале асли матлаб ин нест. Сабаби асосии дилсардии мо аз ин “иқдом”-и шумо ин буд, ки дар тӯли таърих ва дар тамоми кишварҳои ҷаҳон огоҳтарину муборизтарин қишри ҷомеъа донишҷӯён будаанд ва бештари истиқлолу озодиҳо бо кӯшиш ва ширкати фаъоли донишҷӯён ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳатто ҳамин истиқлолияти кишвари азизамон, ки алъон Эмомалӣ Раҳмон онро моли худ кардааст. Агар шумо намедонед, ки чӣ қишре бештар барои истиқлол он замон мубориза бурда буд, аз падаронатон, ки ҳатман бештарашон он замон донишҷӯ будаанд, бипурсед.
Вале ин, ки донишҷӯён танҳо бо як таҳдиди ихроҷ аз донишгоҳ бираванд ва хилофи ҳамаи қонунҳои худовандиву инсонӣ назди дари нафаре тазоҳурот барпо кунанду зан, мӯйсафед ва кӯдаконро танҳо барои он, ки шавҳар, падар ё писарашон зидди истибдоди як оилаи ҷинояткор мубориза бурдааст, таҳқиру таҳдид кунанд, ҳодисае нангину шармовар ва хоси қишри ноогоҳу худбехабар аст.
Мефаҳмем, ки маҷбуратон кардаанд ва шумо ҳаргиз бо ихтиёри худ ба ин кори нангин даст намезадед. Вале бояд бидонед, ки ин ҳаводис рӯҳи шуморо тамоми умр таъқиб хоҳанд кард ва шумо ҳаргиз онро ба худ нахоҳед бахшид. Сифати як инсони мусалмон ва худшинос ин аст, ки агар кори нанговаре анҷом дод, маҷбурӣ буд он ё ихтиёрӣ, ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунад ва тӯли умраш ғуссаашро мехӯрад.
Ин ки имрӯз хадамоти матбуотии режими ҷинояткори Раҳмон аз шумо қаҳрамон метарошаду васфатон мекунад, танҳо ба он хотир аст, ки барои бақои ҳукуматаш истифодаатон мекунаду хоҳад кард. Вале камтарин садои ҳаққи шумо, камтарин эътирозатон ба ҷиноёти ин режим шуморо дар як дақиқа ба душмани миллат табдил хоҳад дод, чун назди ин режим қадри ҳар инсон ба ҳади хидматест, ки барои бақои режим анҷом медиҳад. Ин ҳарфи мо нест, воқеъиятест, ки худи шумо шоҳидаш ҳастед. Як бор ба таърихчаи ҳамаи онҳое, ки дар хидмати ин режими ҷинояткор будаанд, нигоҳ кунед.
Шумо имрӯз донишҷӯ ҳастед ва ҳатман таъриху адабиёт мехонед. Бубинед, дар ҳеҷ адабиёт ва таърихе аз чоплусону хидматгорони дарбори шоҳони золим ба некӣ ёд намешавад. Ҳатто аз бузургтарин олиму шоиру нависандагоне, ки дарборӣ будаанд, бо вуҷуди бузургии илму шеъру асарҳояшон, чун чоплус ва хидматгори шоҳи золим ёд мешавад. Яъне хидматашон ба золимин соя ба рӯи хидматашон ба илму адаб афкандааст. Чӣ расад ба хидматгороне, ки ба хотири ёфтани ризои ҳоким ба озори мардуми бегуноҳ даст мезаданд.
Раҳмон ва командааш ҳамон тафаккури ҷангу ҷангҷӯӣ ва нафрат ба қисме аз мардуми худаш, ки тавассути он ба қудрат расид ва то имрӯз бо ҳамон тафаккур боқӣ мондааст, мехоҳад зеҳнҳои шумора ҳам олуда созад. Замони он ҷанги шаҳрвандӣ, ки инак қариб 20 сол аст Раҳмон аз такрори он мардумро метарсонад, шумо ё кӯдак будед ё ҳанӯз таваллуд нашуда. Шумо бо фарқ аз ин ҷинояткор, ки ба сари миллаташ бо танку тӯпи дигарон ҳуҷум кард, на дар он ҷанг ширкат кардеду на касеро куштед ва на ба сари миллати худ яроқ бардоштед. Бо он нафрат ба мардуму миллати худ, ки ин ҷинояткор дорад, зеҳнҳои поку самимии худро олуда насозед.
Ҳодисаҳо ҳазорсолаҳост, ки сабти таърих мешаванд. То асри интернет агар танҳо ҳаводиси бузург дар саҳифаҳои таърих боқӣ мемонданд, инак кӯчактарини он ҳам бо тамоми ҷузъиёташ барои абад сабт мешаванд. Аз ҷумла ин “эътироз”-ҳои шумо. Ин режим суқут хоҳад кард, ки шаке дар он нест. Вале шумо набояд кореро анҷом диҳед, ки фардо мардум ба сӯятон бо ангуштҳояшон ишора кунанд. Шумо набояд иҷоза бидиҳед, ки худатон ва фарзандону наберагонатон ба хотири як “эътироз”-и маҷбурие, ки шумо анҷом додеду зан, кӯдак ва мӯйсафедеро бегуноҳ таҳқир кардед, барои ҳамеша назди миллат сархам бимонед.
Сабаби истифода шудани шумо аз тарафи режим ин аст, ки шумо, донишҷӯёни азиз, сарҷамъ нестед. Мо медонем, ки шумо бедоред, ҳақиқатро медонед, дилатон мехоҳад барои пирӯзии ҳақ бар ботил мубориза кунед, вале таҳдидҳои режим шуморо аз роҳ бозмедорад. Ва ягона роҳи расидан ба озодӣ ва пирӯзии адолат бар зулм сарҷамъии миллат, бахусус донишҷӯён аст. Сарҷамъ шавед ва садои худро барои озодии воқеъӣ баланд кунед. То номи шумо чун озодихоҳон ва озодкунандагони миллати мазлум сабти таърих шавад, на чун хидматгорони режими ҷинояткор.
Бо умеди расидан ба ваҳдат ва озодии воқеъӣ
Паём.нет.