Дар гузориши Созмони Миллали Муттаҳид таҳти унвони “The State of Broadband” (“Вазъи мухобироти фарогир”) таъкид шудааст, ки корбарони Интернет дар байни аҳолии муқими Тоҷикистон хеле ночиз мебошад. Дар ин гузориш омадааст, ки 19 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранду халос. СММ вазъро дар ин самт дар ҷаҳон омӯхтааст ва 191 кишвари оламро мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар рӯйхати СММ Тоҷикистон аз назари истифодабарии Нтернет мақоми 149 умро ишғол намудааст. Гуфта мешавад, ҷои Тоҷикистон дар байни чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ пеш аз Туркманистон омадааст.
Туркманистон дар байни кишварҳои ҳамсояи худ дар истифодабарии интернет ақиб мемонад. Мутахассисон мегӯянд, мақомоти худкомаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври махсус мардумро аз Интернет дур нигаҳ медоранд, то онҳо аз ахбори мухолифи сиёсати худ бархурдор набошанд.
Таъкид мешавад, ки мақомот суръати Интернетро чунон паст кардаанд, ки ворид гардидан ба сомонаҳо ҳавсалаи корбаронро пир месозад. Мутахассисони ин соҳа боз дар он назаранд, ки кам ё зиёд будани корбарони Интернет дар ин ё он кишварҳо ба некӯаҳволии аҳолӣ низ бастагӣ дорад. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар байни мардуми камбизоят истифодабарандагони Интернет кам аст.
Аммо ин дар ҳолест, ки Идораи алоқаи Тоҷикистон шумори мардумеро, ки ба Интернет дастрасӣ доранд, ҳудуди 3 миллион нафар арзёбӣ карда буд ва ин 34 дарсад аз ҷамъи аҳолии кишварро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ин маълумоти Хадамоти алоқа асоси воқеӣ надоранд ва танҳо бофтаҳои ин идора мебошанд, ки барои обрӯ гирифтан дар байни созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҷомеаи дигари мутамаддин пиёда гаштааст.