Фазои имрузи Тоҷикистон мисли деги ҷушони саррафтаро мемонад. Мисле, ки ба як дег ҳама маҳсулоти хурокаро мерезӣ, то чизе болаззат омода шавад, аммо пеш аз он, ки омода шавад, аз беэҳтиётӣ дег якнима мешаваду ҳосили дохили он фуру мерезад.
Гуфтем, ки сулҳ кардему ба ҳам омадем. Аммо дурусттар аз ҳосили сулҳ начашида боз парокандагиву аз ҳамдигар душману хоинтароширо сар кардем. Магар ваҳдат аз ҳамдигар хоину душмантарошист?
Аз бархурди охири ҳукумат нисбати пайвандони нафароне, ки дар конфронси Варшава иштирок намудаанд ҳайрати кас меояд. Ин чи бемаънигист?
Магар надидед, ки касонеро, ки шумо мегуед, оромии ҷомеаро халалдор сохтаанд, чи гуна ором дар кори конфронс бо далелу мантиқ баромад мекарданд?
Магар надидед, ки намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Варшава бо надоштани ҳеҷ далел ва ё ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷурму гуноҳи мухолифон, дар як рӯз осемасар чандин маротиба асабӣ шуда контрули худро аз даст медоданд?
Магар надидед, ки омбудсмени тоҷик вазифаи ҷонии худ пеши миллат- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро фаромуш карда, чанд рӯзи иштирокаш дар ин нишаст танҳо ба пуштибонии чанд мақомдори ҷинояткор, ки бо туҳмату буҳтон шаҳрвандонашро пушти панҷара карда ва қисми зиёдеро сар ба гурез кардааст, машғул буд?
Магар надидед, ки ҳатто тоқати шунидани даъвоҳоро накарда ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар ин нишасти байналмилалӣ ру ба фирор ниҳоданд?
Бо кадом ҷурм хешу пайвандони фаолони сиёсӣ дар кишварро музтарибҳол гардонида ранҷ медиҳед? Магар ҷавобгуи бемасъулиятиву амалҳои нангини мақомоту намояндагонаш фаолони сиёсӣ ҳастанд?
Худатон қазоват кунед, онҳое бо қаламу сухан ва далел оромона масоилро матраҳ мекунанд, оромии ҷомеаро халалдор месозанд, ё онҳое, ки бо сангу дигар шиорҳои бе маъно, ки ба қавли пешиниён «дарбеҳи ночаспонро мемонад», кадоми?
Ин чи сиёсат аст? Вой аз ин гуна сиёсат. Магар ҷуз ин амали нанговар дигар кор надоред? Дар ин рузҳои кутоҳи тирамоҳ, ки вақти ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат коштаи деҳқон аст мардумро ба ҳоли худ гузоред, то барои рузҳои сарди зимистон фикри худашонро дошта бошанд. Донишҷуи бечораро, ки аз ноҳияҳои дурдаст барои таҳсили илм масрафҳои зиёд карда омадааст, шумо, ки онҳоро аз ҳисоби соатҳои дарсиашон волонтёри сиёсатҳои чиркини худ мекунед, магар хиёнат ба донишҷӯ нест.
Рузи гузашта ҷамъомади сад нафара ба насиҳаткунии Бобои Тиллои 95 сола рафтаанд, то ин пири бемори барҷомондаро дарси «масуълияти волидайн» биомузанд. Як лаҳза фақат, як лаҳза дар ҷои модари Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, Бобои Тилло, хонаводаи мотамзада ва аз хабаргирии ин гуна «ватандустон»шаҳидшудаи Абдусамади Абдусатор тассавур намоед. Ин амали нангинатон боиси боз ҳам парешонтар гаштани ҷомеъа мегардад. Барои як руза сафед кардани худатон миллатро як умра сиёҳ насозед.
Мунисаи Солеҳ