Дар конфронси байналмилалии САҲА дар Варшава масоили марбут ба сӯистифодаи ҳукуматҳои худкома аз Интерпол барои саркуби мухолифони худ, аз ҷумла қазияи дарҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар листи ин ниҳоди байналмилалӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Дар яке аз ҷаласаҳои конфронси САҲА ба номи “Ислоҳот дар Интерпол ба хотири ҷилавгирӣ аз дарҷи номҳои чеҳраҳои сиёсӣ”, ки рӯзи ҷумъаи гузашта, 23 сенятбри соли ҷорӣ баргузор гардид, таъкид шуд, ки ҳукуматҳои худкома дар солҳои ахир аз Интерпол ба унвони василае барои эъмоли фишори равонӣ, таъқиб ва ҳатто истирдоди мухолифону дигарандешони хеш ба таври густурда сӯистифода мекунанд.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ, ки ҳудуди як қарн умр дорад, дар солҳои ахир мавриди интиқодҳои шадиди созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар қарор гирифта, ниёз ба ислоҳоти решаӣ дорад, то аз сӯистифодаи васеъи ҳукуматҳои худкома аз ин ниҳоди байналмилалӣ ҷилавгирӣ шавад.
Коршиносон, мудофеъони ҳуқуқи башар, дипломатҳо ва намояндагони кишварҳову созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар ин ҷаласа ширкат карданд, аз дарҷи номи шахсиятҳои сиёсӣ дар рӯйхати афроди таҳти пайгарди ин ниҳод, аз ҷумла номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар ин лист ба шиддат интиқод карданд.
Намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ироаи баёния дар ин ҷаласа оид ба ин мавзуъ гуфт: “Дарҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари умдатарин ҳизби мухолифи ҲНИТ дар ин рӯйхат мояи нигаронӣ буда, ҳама иттиҳомот алайҳи ӯ беасос, сохта ва дорои ангезаҳои сиёсӣ ҳастанд.”
Дар д, омадааст: “Мақомоти тоҷик як сол қабл ҲНИТ-ро ба шиддат саркуб карданд, ки дар натиҷа даҳҳо тан аз аъзои он мавриди шиканҷа, ҳабси абад ва ҳатто қатлу куштор қарор гирифтанд. Муҳиддин Кабирӣ низ кишварро ба далоили амниятӣ тарк кард.”
Ҳамчунин дар ин баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ зикр шудааст: “Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин иттиҳомоти Додситонии кул мабнӣ бар ин ки ҲНИТ ва роҳбари он дар воқеаҳои хунини сентябри соли гузашата даст доранд, ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд.»
Дар байнияи мазкур таъкид шудааст, ҳукумати Тоҷикистон садҳо фаъоли сиёсӣ ва чеҳраҳои мухолифро ба ангезаҳои сиёсӣ равонаи зиндон кард ва аз Интерпол ҳамчуни як васила барои саркуби мухолифони хеш истифода мебарад.
Катерина Путс, коршиноси аршади Пойгоҳи маъруфи таҳлилии дарҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Наҳзат дар руйхати ин ниҳодро ба шиддат маҳкум намуда, гуфт: “Ба назар мерасад, ки на ҳамаи ниҳодҳои байналмилалӣ аз макру ҳилаи ҳукумати Тоҷикистон бохабаранд.”
Дар зимн, моҳи сентябри гузашта таъкид карда буд, ки хадамоти амниятии Тоҷикистон аз тариқи ин ниҳод мухолифони худ дар хориҷро таъқиб мекунад, вале ҳукуматҳои ғарбӣ метавонанд аз ин сӯистифода ҷилавгирӣ кунанд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Пулиси байналмилалӣ (Интерпол) авоили моҳи ҷорӣ номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-ро дар листи афроди таҳти пайгард қарор дод, ки интиқодҳои шадиди созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои ҳуқуқи инсон ва ҳамчунин маҳофили коршиносиро ба бор овард.