Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоОҷил! Ба хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб ҳам ҳуҷум карданд

Оҷил! Ба хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб ҳам ҳуҷум карданд

Имрӯз ҳудуди 40 нафар “эътирозгарон”-и амниятӣ ба хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб, узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ ва падари ровии барномаи Паёмнюз Шӯҳрати Раҳматулло ҳуҷум бурда, бо шиорпартоӣ дару девори онҳоро тухмборон карданд.

Ин гурӯҳ бо савори автобус ба назди хонаи Раҳматуллоҳи Раҷаб омада, баъди он, ки ҳамсари ӯ ба наворбардории эшон оғоз кард, ба ҳамон мусофирбар савор шуда, фирор карданд. Байни онҳо чанд корманди КДАМ ҳам ба мушоҳида расидаанд, ки яке аз онҳо “тазоҳурот”-ро роҳбарӣ мекард.  Ин роҳбари “тазоҳурот” аъзои чанд хонаводаи мухолифинро дар идораи КДАМ пурсуҷӯ кардааст.  

Ин дар ҳолест, ки тибқи нақли ҳамсоягон пеш аз оғози ин «тазоҳурот» бо як сабукрав се нафар омада ба хонаи ҳамаи ҳамсояҳо ворид шуда огоҳ кардаанд, ки чанд муддат аз хона берун набароянд.

“Эътирозгарон” ба дарвозаи Раҳматуллоҳи Раҷаб акси Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро овезон карда, бо шиорҳои “Марг ба Кабирӣ”, “Марг ба хоинон” ва ғайра он аксро тухмборон кардаанд ва аксҳои дигари ӯ ва дигар мухолифинро оташ заданд. Ёдовар мешавем, ки дар арафаи интихоботи соли 2015 ҳамин гуна як гурӯҳи “ихтиёрӣ”, ки шоҳидон байнашон чанд корманди КДАМ-ро шинохтанд, кӯшиши тухмборон кардани худи Кабириро карда буданд.

Баъди рафтани онҳо модари Шуҳрати Раҳматулло маҷбур шуд дарвозаи хонаашро аз асари тухм ва кӯчаҳоро аз хокистару нимсӯхтаҳои аксу плакатҳо тоза кунад. Ҷолибтарин ҳодиса дар ин “тазоҳурот” ин буд, ки ҷои сӯзонидани банерҳо “тазоҳургарон” китоб месӯхтанд. Шумо метавонед ин ҳодисаро дар акс мушоҳида кунед. Зоҳиран барои он, ки барои банерҳои “сӯзонидашуда” ва нашри нави онҳо аз мақомот пул ситонанд.  

Пас аз оғози ҷаласаи САҲА дар Варшава ва ширкати мухолифини ҳукумат дар он, мақомоти кишвар аъзои хонаводаи онҳоро боздошт ва таҳти фишор қарор дода буданд ва инак як ҳафта аст, ки  донишҷӯёну хонандагони мактабро барои “эътироз” назди хонаи мухолифин меоранд.

Қобили зикраст, пеш аз ин ҳам ин гуруҳи «Эътирозгарон» ба пушти дари хонаи Саидумар Ҳусайнӣ , муовини роҳбари ҲНИТ, хонаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ роҳбари ИНОТ ва ҲНИТ, хонаи падари Бобоҷони Қаюмзод, хонаи  пирамарди 95 сола, Тилло Кабиров, падари роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ рафта дари хонаи онҳоро сангборон ва бо лафзҳои қабеҳ таҳқир карда буданд. То ба ҳол ягон мақомоте пеши роҳи ин таҳқирҳоро нагирифтааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика