Дар сурати фавран сурат нагирифтани амалиёти ҷарроҳӣ, имкон дорад Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” ва узви Раёсати олии ҲНИТ аз як пой маҳрум шавад.
Дар ин бора хабаргузории Тоҷнюз бо истинод ба манбааш дар муассисаи ислоҳии иҷрои ҷазои Вазорати адлия хабар додааст. Манбаи Тоҷнюз гуфтааст «дар маҳбас шароити беморхонаҳо мавҷуд нест, ки ба бемор расидагӣ сурат гирад. Аз сабаби камҳаркатӣ ва хун гардиш накардан пойҳо сахт шудаанд ва ниёз ба ҷарроҳии фаврӣ дорад. Қаблан ҳам бемор будааст. Набзаш ҳам паст буд, ҳоло ба эътидол омадааст. Имунинтеташ пас аст. Мавриди назорати табиб бунгоҳи тиббӣ аст ва дорў истеъмол мекунад. Ба наздикӣ аз боздоштгоҳи мувақатии КДАМ ба маҳбас интиқол шуд. Вақте саломатиаш вазнин шуд. Агар ҷарроҳӣ нагардад, варами пойҳояш ба дигар аъзои баданш сироят мекунад. Организм ҷавон нест, ки ба ин беморӣ мубориза барад”.
Ҳафтаи гузашта Паём.нет аз вазъи сангини ӯ ва худдории мақомот аз интиқоли ӯ ба беморхона гузориш дода буд, ки баъдан ин хабар дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ бозтоб шуд ва созмони “Гузоришгарони бидуни марз” бо пахши як изҳорот аз режими Раҳмон талаб кард ба вазъи Сайфуллозода расидагӣ шавад. Баъди вокуниши матбуот ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ба беморхонаи маҳбас интиқол дода шуд.