Ин, ки бештари кормандони мақомот сар аз болотарин мақоми кишвар то раиси маҳалла хазинаи давлатро бо ҳар баҳона ғорат мекунанд, навигарӣ нест. Инро аз хурд то бузрг медонанд.
Ҳар мансабдоре роҳе барои дуздидани пул аз хазинаи давлатро дорад. Яке аз сохтмони мактаб медуздад, дигаре аз кӯмак ба камбизоатон. Яке аз Роғун медуздад, дигаре аз боғчаи кӯдакон. Яке аз “яхкунии” картошка фоида ба даст меорад, дигаре аз иҷора додани ҳавопаймову чархболи давлат. Хулоса роҳҳои пулшӯӣ он қадар зиёданд, ки овардани танҳо рӯйхаташон даҳҳо саҳифа мешавад.
Дар ин ҳангом аҷибтарин роҳи дуздии пул аз хазинаи давлатро “тазоҳургарон”-и амниятӣ кашф кардаанд. Онҳо аз ҳисоби овезаву шиорҳо зидди мухолифин маблағ ба даст меоранд! Ба ин акс диққат кунед: “тазоҳургарон”-е, ки ба пушти дари мухолифин барои эътироз омадаанд, саҳифаҳои китобро месӯзанд. Дар аввал мо ҳам дар ҳайрат афтодем, ки китоби бечора чӣ гуноҳ кардааст. Баъд ба даркаш расидем, ки онҳо хокистари ин китобҳоро акс мегиранду ба маблағгузор, яъне мақомоти кишвар пешниҳод мекунанд, ки мо назди хонаи Нурӣ фалон адад овеза бо акси Кабирӣ, назди хонаи Ҳусайнӣ фалон адади дигар ва ғайра сӯзондем, барои банерҳои нав пул ҷудо кунед. Ва ҷои овезаҳои нав ҳамон овезаҳои “сӯзонидаашон”-ро истифода мекунанду пули барои овезаҳои нав ҷудошударо ба киса мезананд.
Ихтирои олӣ, не?