Monday, June 16, 2025
ads
HomeХабарҳоМасҷидҳои Суғд барои обуна ба рӯзномаҳо намозгузоронро ба эҳсон водор месозанд

Масҷидҳои Суғд барои обуна ба рӯзномаҳо намозгузоронро ба эҳсон водор месозанд

Дар вилояти Суғд аксари масоҷид дар маъракаи обуна ба нашрияҳои даврии ҷумҳурӣ фаъолтар мегарданд. Гуфта мешавад, имом хатибони масҷидҳои ҷомеъ дар қатори маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, ки нашрияи Кумитаи дин ва танзими расму оинҳои миллии кишвар аст, ба аксари рӯзномаҳои даврии сиёсӣ, ки ба ҳукумати кишвар мутааллиқ ҳастанд, обуна мешаванд.

Онҳо барои дарёфти маблағи зарурӣ барои обуна ба намозгузорон муроҷиат менамоянд, ки хайру эҳсон намоянд. Назар ба маълумоти расида дар масҷиди “Тақво” и шаҳри Хуҷанд ҳангоми адои намоз имом хатиб аз ҳозирон дархост намудааст, ки дар мавсими обуна ба масҷид кумак намоянд. Назар ба гуфтаи имом хатиби ин масҷид 1000 сомонӣ лозим будааст, ки масҷидро ба нашрияҳо обуна созанд.

Гуфта мешавад, мақомоти вилоят Суғд аз имом хатибони масҷидҳои қаламрав талаб намудаанд, ки дар мавсими обуна ба нашрияҳо саҳм бигиранд ва дар масҷидҳо гӯшаҳое ташкил созанд, ки намунаи нашрияҳои даврии сиёсӣ нигаҳдорӣ шаванд, то мардум хондаву аз сиёсати ҷории ҳукумат воқиф гарданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдусаид Амонзода, аз масъулони умури дин дар ҳукумати Суғд гуфтааст, ки обуна ихтиёрист ва ягон кас масҷидҳоро ба обуна шудан водор насохтааст ва ин ғолибан ташаббуси худи онҳо мебошад. Намояндагии “Почтаи Тоҷикистон” дар Хуҷанд таъкид кардааст, ки соли гузашта низ масҷидҳо ба нашрияҳои даврӣ обуна шуда буданд, аммо имсол назар ба соли рафта вазъ ранги дигар гирифтааст, яъне иттиҳодияҳои динӣ ба нашрияҳо зиёдтар мароқ зоҳир мекунанд ва обуна мешаванд. Масҷидҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳои мустақили ҷумҳурӣ не, балки ба ҳамон нашрияҳое обуна мешаванд, ки ба мақомот тааллуқ доранд ва дидгоҳи онҳоро ифода ва тарқиб менамоянд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?