Як ҷавони 23 солаи сокини ноҳияи Данғара модари 52 солаашро зинда гӯронидааст, ки боиси марги модар шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои вазорат рӯзи 22-уми сентябр аз назди ташнобхонаи марде дар жарфи 1 метр ҷасади Нурова Садафмо Фатҳиддиновна, соли таваллудаш 1964 ёфт шудааст, ки бо дасту по ва даҳони баста дар кӯрпае печонида шудааст.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ва мақомоти Прокуратура дар ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор писари марҳум Миров Тағаймурод, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Сарбанд, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Муайян гардид, ки рӯзи 17 ба 18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар манзили истиқоматии ба иҷора гирифташуда, воқеъ дар деҳаи Рахшонзамин аз ҳиссиёти баланди бадбинӣ ва муноқишаи оилавӣ, шаҳрванд Миров Т. аввал бо мушту лағад ва сипас бо бел ба сару тани модараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида ӯро беҳол гардонидаааст. Сипас бо рӯймол дасту по ва даҳони ӯро баста, бо ин роҳ муқобилият ва фарёд кашидани ӯро бартараф намуда, ҷабрдидаро ба курпаи тунук мепечонад. Ва бо як бераҳмии махсус дар ҳолати ҳоло зинда будани модараш чуқурӣ канда, ӯро зинда ба онҷо гур мекунад ва болояшро бо хок мепӯшонад”, — хабар медиҳад ВКД.
Пас аз чанд рӯзи ғайбзании Садафмоҳ ҳамсояҳо аз писараш куҷо рафтани ӯро мепурсанд ва Тағаймурод посух медиҳад, ки модараш аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Танҳо паҳн шудани бӯи ғализ дар деҳа сокинонро ба шубҳа мегузорад ва ба кормандони милиса хабар медиҳанд.