Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳо“Зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон” —мавзӯъи нишасти имрӯзи САҲА

“Зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон” —мавзӯъи нишасти имрӯзи САҲА

Дар нишасти имрӯзи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мавзӯъи “Зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон” баррасӣ шуд, ки дар он раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ суханронӣ кард.

Ин нишаст, ки Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, гардонандаи он буд, якуним соат давом кард ва дар он ҷузъ раиси ҲНИТ намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ суханронӣ карданд. Баъди суханронии Муҳиддин Кабирӣ, байни ӯ ва ширкаткунандагони маҷлис суолу ҷавоб баргузор гардид.

Раиси ҲНИТ аз баргузоркунандагони ин нишаст ташаккур кард ва аз фишорҳое, ки болои наздикони тазоҳуркунандагон дар кишвар сурат мегирад, сӯҳбат кард. Ӯ ҳамчунин ба фирори ҳайати ҳукумат пас аз фошкориҳои ширкаткунандагони ҷаласа ишора кард, ки баёнгари воқеъии вазъи кишвар аст. Матни пурраи суханронии раиси ҲНИТ ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Баъди анҷоми нишаст, вохӯрии ҳайати ҲНИТ бо ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳо баргузор гардид, ки ҳайатҳо аз вазъи имрӯза дар Тоҷикистон суолҳои зиёде доштанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика