Мирҳаёт Ёқубов, раиси Маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” бо командаи худ боз се моҳи дигар рӯи ин курсӣ мемонад.
Ахиран раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба хулосае омадааст, ки барои рушду солимгарнонии фаъолияти комили “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз вазъи бӯҳронии баамаломада мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”-ро то се моҳи дигар тамдид бикунад.
Дар робита ба ин раёсати Бонки миллӣ қарореро ба имзо расонидааст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки маъмурияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” дар ин мӯҳлат ӯҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва кредиторон иҷро менамояд ва бо ҷалби сармояҳои ҳарчи бештар муассисаро аз вазъияти бӯҳронӣ наҷот мебахшанд.
Як манбаъ дар «Тоҷиксодиротбонк» сабабҳои ба дарозо кашондани мӯҳлати роҳбарони навро дар наёфтани роҳҳали аз бӯҳрон баромадани бонк шарҳ дод.
«Карор буд, ки инҳо дар муҳлати се моҳ санҷишу таҳлил карда, роҳи раҳоӣ аз буҳрон меёфтанд. Маблағҳои депозитии бонкро бармегардонданд. Вале мо то имрўз на маош ва депозитҳои муштариёнро дода наметавонем. Ба назар мерасад, ки ин бонк ба ҷайби бонки миллӣ меравад ё саҳмияҳояшро 50 дарсад ҳукумат ва боқимондаро шахсони ҳуқуқӣ мехаранд. Роҳи дигар нест. Тоҷиддин Пирзода, раиси собиқи бонк, ки 58 дарсади саҳмияҳои бонк моли ўянд дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дафтари корӣ дорад ва онҷо мешинад»- гуфт ин манбаъ.
Як корманди бонки мазкур дар сӯҳбат ба мо гуфт, “баъди ҳодисаи 8-уми август раиси муваққатии бонк хеле асабӣ ба назар мерасад. Ба кормандон амр дода шудааст, ки дар берун ҳодисаи буғӣ кардани корманд”-ро рад кунем.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар шаҳри Хорӯғ як гурӯҳ мизоҷон назди шӯъбаи бонк ҷамъ шуда талаби маблағҳояшонро кардаанд. гуфта мешавад онҳо тирезаҳои бонкро шикаста, раиси шӯъбаро мақрӯҳ кардаанд.
Ҳоло тақдири ин бонки замоне муваффақ рўшан нест. Ҳарчанд БМТ эълон дошт, ки мақсад аз таъини раҳбарияти муваққатӣ ҳалли мушкили пардохти маош тариқи кортҳо ва фоизу пасандозҳо мебошад, аммо бо омадани раҳбарияти муваққатӣ ҳам пардохти фоизҳо ва худи пасандозҳо то ҳол амалӣ нашудааст.
“Тоҷиксодиротбонк” аз калонтарин бонкҳои кишвар буда, то 25% низоми бонкии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ аз 22 то 40 ҳазор мизоҷон дорад, ки ҳудуди 1,5-1,8 млрд. сомонӣ пасандоз кардаанд.
Дар ин бонк ҳамчунин то 1 млрд. сомонӣ маблағҳои будҷетӣ, минҷумла Вазорати молия, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва Дирексияи сохтмонҳои бузурги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон “овезон” мондаанд.
Гуфта мешавад, Мирҳаёт Ёқубов 18 уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки Миллӣ раҳбари муваққатии маъмурияти “Тоҷиксодиротбонк” таъин гардида буд ва акнун се моҳи дигар дар ин вазифа кор ҳоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Мирҳаёт Ёқубов бо лату кӯб ва бӯғӣ кардани як корманди худ дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Вай рӯзи 8 уми август гиребони сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” Абдулмӯъмин Оевро гирифта, дар ҳузури кормандони дигари бонк ба рӯи миз хобондааст ва буғӣ кардааст. Оеви 63 соларо барои насби таҷҳизоти пинҳонии сабти овоз муттаҳам шуморида, дар ҳоҷатхона ҳабс намудааст, ки дар натиҷа ӯ ба бемории равонӣ гирифтор шуда, ҳоло дар бемористони Қарияи Болои пойтахт табобат мегирад.
Аммо маркази матбуотии “Тоҷиксодиротбонк” бо нашри як баёния аз номи маъмурият ин иддаои ҷаноби Оевро бепоя хонд ва гуфт, ки касе ба ӯ фишор наовардааст.