Мӯҳтарам раис! Хонумон ва ҷанобон!
Иҷоза бидиҳед, ҳамаи шумо, ширкаткунандагони нишасти таъсисдодаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи ДМДҲБ/САҲА оид ба абъоди инсониро хайра мақдам бигӯям. Мехоҳам инчунин ба Дафтари муассисоти демокротӣ ва ҳуқуқи башар барои омодасозии фазои сӯҳбати озод, баҳсу гуфтугӯ байни ҳайатҳои ҳукуматӣ, созмонҳои байналмилал ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ изҳори сипос кунам. Ҷаласаи солонаи ДМДҲБ/САҲА майдони уникалие барои баррасии мушкилоти муҳими ҷории вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои узви САҲА ва то ҳади имкон эҷоди механизми ягона барои ҳали онҳо мебошад.
Фазои ҷаласа дар соли ҷорӣ гуфоҳи он аст, ки дар қатори ҳайатҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ, намояндагони ҷомеъаи мадании Осиёи Миёна ҳам таваҷҷӯҳи бештаре ба ин нишаст зоҳир мекунанд ва дар он фаъолона ширкат мекунанд.
Табиист, ин ба кори конфронс таҳрики бештаре мебахшад, ки ба ширкаткунандагон имкон медиҳад маълумоти алтернативӣ ба даст оранд ва тасаввури воқеъитаре аз ҳаводиси минтақаи мо дошта бошанд. Имкон дорад, ки дар ин шакли баргузоркунии ҷаласа ба баъзе ҳайатҳову намояндаҳо ва ширкаткунандагони маъмулии анҷуманҳои байналмиллалии баҳсу гуфтугӯ, ки одат кардаанд дар шароити беалтернативӣ ва инҳисорӣ ба ҷомеъаи ҷаҳони маълумоти яктарафа ва таҳрифшуда ироа кунанд, писанд наояд.
Намунаи ин метавонад рафтори (демарш) ҳайати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бошад, ки бинобар ширкати фаъоли намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва фаъолони сиёсии дархориҷбуда, бо нишони эътироз нишастро тарк кард. Бинобар надоштани посухҳои асоснок ба суолҳои гузошташуда дар мавриди нақзи ҳуқуқҳои аслии шаҳрвандони худ ва дарки шубҳаҳои аксари ширкаткунандагони нишаст ба мавқеъаш, ҳайат конфронсро тарк кард.
Намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон ва фаъолони сиёсии алоҳида бо ширкати худ дар ин анҷуман хостанд диққати ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои узви САҲА-ро ба вазъи асафбори ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар, бахусус намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, вакилони дифоъ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷамъиятии мустақил ҷалб намоянд. Ба анҷуман инчунин наздикон ва аъзои хонаводаи маҳбусони сиёсӣ ва фаъолоне, ки бинобар таъқиби ҳамагонӣ маҷбур ба тарки кишвар шуда буданд, таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Дар шароите, ки ба намояндагони мухолифин, фаъолони мустақил ва наздикони маҳбусони сиёсӣ гузаронидани ҳар ҷамъомади қонуние барои дастгирии наздикон ё муттаҳидони худ дар дохили кишвар манъ аст, онҳо маҷбуранд роҳҳои дигари баёни эътирози худро пайдо кунанд, ки дар рӯзи аввали анҷуман ҳамин корро карданд. Дар воқеъ, ҳамаи ҳаракоти намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон дар чорчӯбаи анҷуман мутобиқ ба меъёр ва муқаррароти он буд ва аз пеш ҳам бо ҳукумати маҳаллӣ ва ҳам бо ташкилкунандагони ҷаласа мувофиқат шуда буд.
Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба мақомоти Лаҳистон ва ташкулкунандагони конрфронс барои мусоидат дар ширкати қонунӣ ва баробарҳуқуқи намояндагони ҷомеъаи мадании кишвари мо дар ҷаласаи ДМДҲБ изҳори сипос кунам. Ҳамчунин таҳаккури махсус ба ширкаткунандагони тоҷик, чӣ аз тарафи ҳукумат ва чӣ аз тарафи ҷомеъаи шаҳрвандӣ мекунам. Дар рӯзҳои аввал намояндагони тарафҳои тоҷик фарҳанги волои сӯҳбат, гуфтугӯ ва баҳсро ба намоиш гузоштанд, новобаста аз он ки баҳсҳо гоҳо тезутунд ва эҳсосотӣ буданд. Ва ин бесабаб нест. Аксари ширкаткунандагони тазоҳуроти мусолиатомези Варшаваро як ё чанд наздиконашон бегуноҳ маҳкум ба зиндон шудаанд ва аъзои дигари хонаводаашон дар дасти режим асиранд. Аз тарафи дигар, байни ҳайати намояндагони ҳукумат нафароне буданд ки мустақиман дар ҷиноятҳои алайҳи шаҳрвандон, намояндагони вҳзоби мухолиф, аз ҷумла баъди ҳодисаҳои сентябри соли 2015, даст доштанд. Табиист, ки вақте мазлумон ҷинояткорони воқеъӣ ва шиканҷакунандаи худро мешиносанд, эҳсосоти худро нигоҳ доштан хеле мушкил аст. Фикр мекунам, меарзад, ки наздикони маҳбусини сиёсии тоҷикро бояд барои шуҷоъат, хештандорӣ ва таҳаммул махсус сипос гуфт. Дар воқеъ, намояндагони ҳизбҳои мухолиф мехостанд ҳуҷҷатҳои ифшокунандае барои ташкилкунандагон ва ширкаткунандагони конфронс аз воқеъияти ширкати аъзои ҳайати намояндагони ҳукумат, ки корманди сохторҳои дахлдор ҳам ҳаст, дар шиканҷа ва дигар ҷиноёт алайҳи нафарони бегуноҳ омода созанд. Сухан дар бораи омодасозии парвандаҳои дурӯғин ҳам мерафт. Шояд яке аз сабабҳои фирори саросемавори кулли ҳайат аз Варшава расидани ин маълумот ба эшон бошад.
Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!
Ҳарчанд баъди сентябри соли 2015 шумори маҳбусони сиёсӣ чанд баробар афзуд, ин мушкил қаблан ҳам вуҷуд дошт. Ҳукумат бо баҳонаи мубориза бо бунёдгароӣ ва терроризм, дар асл бо дигарандешӣ мубориза мебарад. Байни маҳбусони сиёсӣ на танҳо 100 намояндаи ҲНИТ, ки ягона ҳизби сиёсии характери динидошта дар минтақа мебошад, балки вакилони дифоъ, рӯзноманигорон, раҳбарони ҳизбҳои сиёсии дунявӣ ҳам ҳастанд. Ҳанӯз то ҳодисаҳои сентябри соли 2015, барои солҳои тӯлонӣ раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров (23 сол), роҳбар ва асосгузори Ҳизби Тоҷикистони нав Зюйд Саидов (29 сол), вакили дифоъ Шӯҳратр Қудратов ва нафарони зиёди дигар маҳкум ба зиндон шуда буданд. Вале баъди сентябри соли 2015 вазъ характери фоҷеавӣ гирифт. Ҳукумат бепарвоӣ ва адами диққати лозима аз тарафи ҷомеъаи байналмилалро эҳсос намуда, ошкоро ба саркӯбии мухолифони сиёсиаш сар кард. Бо айбҳои сохташуда ва бидуни мурофиаҳои кушоди додгоҳӣ, тақрибан барои ҳамаи айбдоршавандаҳо бо парвандаи ҲНИТ, ҳукмҳои ҳабси тӯлонӣ содир шуда, ду ҷонишини раҳбари ҳизбро ба ҳабси абад маҳкум гардиданд. Гузашта аз ин ҳамаи вакилони дифоъе, ки ҳозир шуданд аз тарафдорони ҲНИТ дар додгоҳ ҳимоя кунанд, боздошт шуданд. Аз ҷумла Бародарон Бузургмеҳр ва Ҷамшед Ёров, Нуриддин Маҳкамов.
Чанд рӯз қабл мурофиаи парвандаи Бузургмеҳр Ёров ба охир расид. Тибқи маълумоти ВАО, айбдоркунандаи давлатӣ барои вакили дифоъи маъруф 25 сол соли зиндон талаб кардааст. Мо аз ҷомеъаи байналмилал, аз ҷумла САҲА даъват мекунем, вакили дифоъи тоҷикро аз истибдод ва беқонунӣ ҳимоя кунанд.
Ширкаткунандагони гиромӣ!
Ин хавф вуҷуд дорад, ки баъди ин анҷуман вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бамаротиб бадтар хоҳад шуд Кори конфронс ҳанӯз тамом нашуда, ҳукумат ба хотири фаъол шудани мухолифин ба қасосгирӣ сар кард. Таҳдид, тахриб, оташзанӣ ва сангзании хонаҳои мухолифин ва ширкаткунандагони ин анҷуман оғоз шудааст. Ҳукумат гӯрӯҳҳое аз ҳисоби ҷваонони пархошгар ва ҷинояткор таъсис додааст, ки бо дастгирии мақомоти қудратӣ се рӯзи охир дар шаҳрҳои кишвар ба хонаҳои мухолифин ҳуҷум меоранд. Аз ҷумла онҳо ба хонаи бунёдгузори ҲНИТ ва раҳбари Иттиҳодии мухолифини тоҷик устод Сайид Абдуллоҳит Нурӣ, ки санаи 27 июни соли 1992 дар Кремл зери Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо гузошта буд, ҳамла карданд.
Тавассути ҳамлагарону фитнагарони ҳукуматӣ ба хонаи падар ва наздикони раиси ҳизб дар зодгоҳ ва шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат, ба хонаи вонишини аввали раиси ҳизб ҷаноби Ҳусайнӣ ва хонаҳои фаъолони ҳизб Илҳомҷон Ёқубов ва Бобоҷон Қаюмов ҳуҷум бурда шуд. Ҳамчунин хонаи яке аз фаъолони гурӯҳи 24 ва ширкаткунандаи ин анҷуман Шабнам Худойдодова ҳамла карданд, ки дар натиҷа духтари ноболиғи ӯ ҷароҳат бардошт. Маълум аст, ки ҳукумат роҳи тарсонидан, шантаж ва террори чисмониву рӯҳониро пеш гирифтааст. Бидуни далеле рақибони худро ба ифротгароиву тундгароӣ муттаҳам намуда, ҳукумати Тоҷикистон худаш усули созмонҳои террористиву ифротгароиро истифода мекунад.
Дар охир мехоҳам қайд кунам, ки новобаста аз фитнаҳои мақомот ва шароити махсус сохташудаи моҷароангез, ҳамаи қувваҳои солими мухолиф дар қасди муборизаро бо роҳҳои мусолиатомез давом додан якдиланд. Мо мутмаинем, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба хушунатҳои ҳукумат бо хушунат ҷавоб дод. Гузашта аз ин мо ҳама мефаҳмем, ки ташдиди минбаъдаи вазъ ва тундрав шудани аҳолӣ ба нафъи режимҳои худкома ва созмонҳои террористӣ дар минтақа аст. Вале агар вазъ дар наздиктарин замон беҳтар нагардад ва одамон эҳсос накунанд, ки барои ҳуқуқҳои худ метавонанд бо роҳҳои мусолиатомез мубориза кунанд, ин хавф вуҷуд дорад, ки одамон аз ноилоҷӣ даст ба хушунат зананд. Он вақт ҳама дар вазъи бавуҷудомада ҷавобгар хоҳанд буд, вале ҷавобгарии аслӣ ба дӯши ҳукумат бор хоҳад шуд, ки аз шаҳрвандон озодӣ ва умедашонро ба оянда рабудааст.
Ташаккур барои диққататон.
Муҳиддин Кабирӣ,
29/09/2016
Суханронӣ тавассути Скайп дар конфронси ДМДҲБ (Дафтари муассисоти демокротӣ ва ҳуқуқи башар)-и САҲА дар Варшава
Тарҷуммаи ПАЁМ.net аз забони русӣ