Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоКДАМ аввал ба хонаҳо ҳуҷум, баъд ҷабрдидаҳоро саргардон мекунад

КДАМ аввал ба хонаҳо ҳуҷум, баъд ҷабрдидаҳоро саргардон мекунад

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки “тазоҳургарон”-и амниятӣ ба хонааш бо тухм ҳамла бурда шиорпартоӣ карда буданд, хост шикоят барад. Вале кӯшиши шикоятбарӣ бо он тамом шуд, ки ин модари 53 сола мутмаин шавад, касе ба додаш расиданӣ нест.

Субҳи дирӯз ӯ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафт. Дар даромадгоҳ ба ӯ иҷозаи ворид шудан надоданд ва тирезачаеро нишон дода гуфтанд, ки ҳар шикояте дорад, ба онҷо арз кунад. Назди он тирезача рафт ва пурсид, ки “ман шикоят дорам, ба кӣ арз кунам?” Навбатдор посух дод, ки “ба ҳеҷ кас!” Баъди эътирози сахти хонум Иброҳимзода, навбатдор рақами телефонеро дода гуфт, ки шикояташро бо ҳамин рақам арз кунад. Вақте ба он рақам занг зад, посух доданд, ки аз ин қазия аслан хабар надоранд, ин масъала ба онҳо дахл надорад ва дигар бо ин рақам занг назанад. Маҷбур шуд дубора назди тирезача равад. Онҷо рақами дигарро дода гуфтанд, ки “ба инаш занг зан, номаш Валӣ”. Вақте ба Валӣ қазияро нақл кард, ӯ гуфт, ки дар ҷои дур қарор дорад ва фардо омада худаш занг мезанад ва ба идора ҷеғ мезанад.

Баъди сӯҳбат бо Валӣ хонум Валамат боз ба назди тирезача баргашта аз онҳо хоҳиш кард, ки қаламу қоғазаш диҳанд, ки мехоҳад ариза нависад. Онҳо посух доданд, ки надоранд. Танҳо баъди эътирози ӯ, қоғазу қалам ҳам пайдо карданд.

Аз бинои Кумитаи амният хориҷ шуда, ба  Вазорати корҳои дохилӣ рафт. Онҷо ҳам ӯро қабул накарданд ва гуфтанд, ки бояд ба идораи шӯъбаи корҳои дохилии маҳалли зисташ муроҷиъат намояд.

Аз ВКД вақте ба хонааш бармегашт, нафаре ӯро шинохт ва салом карду гуфт, ки донишҷӯёни дирӯз ба хонааш ҳуҷумбурда, аз донишкадаи исломӣ будаанд. Ин нафар нақл кард, ки донишҷӯёнро маҷбурӣ бурдаанд ва додари ӯ ҳам байни онҳо будааст.

Субҳи имрӯз хонум Валамат ба РВКД шаҳри Душанбе шикоят бурд. Аризаашро подполковник Салимзода қабул карда гуфт, ки ба зудӣ ба тафтиши қазия оғоз хоҳанд кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика