Saturday, September 6, 2025
ads
HomeХабарҳоХуддории ВАО- и Ӯзбакистон аз вожаи “Аллоҳ”

Худдории ВАО- и Ӯзбакистон аз вожаи “Аллоҳ”

Дар ВАО- и Ӯзбакистон дар ин авохир аз вожаи “Аллоҳ” шадидан ҷилавгирӣ мешавад. Назар ба қавли шоҳидони ҳол, ҳар сухане, ки марбут ба дину диёнат аст, ҳазф мегардад.

Телевизионҳои ин кишвар ҳангоми пахши барномаҳо аз сухани мардум вожаи “Аллоҳ” ро қайчӣ мезананд. Руслан Нуриддинов, як варзишгари номии Ӯзбакистон, ки чанд рӯз пеш дар мусобиқоти олимпӣ дар Бразилия аз намуди вазнабардорӣ сазовори медали тилло гардид, дар мусоҳибаи худ ба телевизиони спорти ватанаш аз хурсандӣ ба даргоҳи Аллоҳ шукргузорӣ намудааст. Ҳарчанд дар пахши аввали ин мусоҳиба аз забони Руслан вожаи “Аллоҳ” садо додааст, аммо баътад дар пахши такрории он кормандони телевизион калимаи “Аллоҳ”- ро қайчӣ задаанд.

Ин аз назари мардуми огоҳи ин қаламрав дур намонд ва дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернет баҳси доғеро ба бор овард. Аз ҷумла яке аз имохатибони масоҷиди Тошканд  бо нигаронӣ навиштааст, ки “кунун дар Ӯзбакистон шукргузорӣ ба даргоҳи Аллоҳ ҳам номумкин гаштааст  ва аз он шадидан ҷилавгирӣ мекунанд”. Ҳамчунин таъкид мегардад, ки ҳини намоиши манзараҳои кӯчаҳо ягон зани сатрпӯшро ба тасвир намегиранд ва аз ҳузури ҷавонони ришдор низ дар кадр парҳез намуда, корро ба тариқе анҷом медиҳанд, ки даҳҳо сол пеш дар замони ҳукумати Шуроҳо мӯд буд.
Варзишгари ӯзбакистонӣ Руслан Нуриддинов, ки ҳамеша бо риш ба наворҳо меомад ва дар ҷараёни бозиҳои олимпӣ дар Рио бо риш ҳузур дошт, бо ишораи садрнишинон риши худро тарошидааст ва акнун дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурати ӯ бо манаҳи тозатарошида чарх мезанад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?