Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоХудкушии хазинадори “Агроинвестбонк”  бо паридан ба Вахш

Худкушии хазинадори “Агроинвестбонк”  бо паридан ба Вахш

Ҳусейн Пирови 37 сола дар шӯъбаи “Агроинвестбонк”-и Норак ба ҳайси хазинадор (кассир) кор мекард, ки гуфта мешавад ба сабабҳои ҳанӯз номаълум худро ба дарёи Вахш андохтааст.

Ин ҳодиса 15 уми август рӯй дода ва ҳоло сабабҳои он аз ҷониби мақомоти интизомӣ тафтиш мегардад. ШКД- и Норак ба далели идома доштани тафтишот дар робита ба ин қазия назари мушаххасе намедиҳанд ва аз ошкор сохтани ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд.

Таъкид мегардад, ки ҳанӯз кормандони дастаи наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади марҳумро аз дарёи Вахш ҷустуҷӯ мекунанд. Онҳо мегӯянд, рӯзҳои охир сатҳи оби рудхона ба сабаби гармои шадид баланд шудааст ва корҳои ҷустуҷӯиро ба мушкил мувоҷеҳ мегардонад. Аммо гурӯҳи наҷот итминон дорад, ки албатта ҷасади кассири “Агроинвестбонк” ро пайдо хоҳад намуд.
Дар ҳамин ҳол таборон ва пайвандони марҳум низ аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез мекунанд. Аммо ҳамкорону ҳамдеҳагонаш гуфтаанд, ки Ҳусейн мушкиле надошт ва худро ҳамеша хурсанд вонамуд мекард. Ҳусейн Пиров 15 уми август аз рӯи пуле, ки ду самти дарёи Вахшро пайваста ва воқеъ дар деҳаи Қибил аст, худро ба талотуми дарё андохтааст ва чанд нафар аз раҳгузарон шоҳиди ин ҳодисаи шум шудаанд. Пулиси маҳаллӣ низ аз гуфтаҳои ин шоҳидон парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, онро ба худкушӣ марбут донистааст.
Ҳусейн Пиров зодаи ҷамоати “Пули сангин”- и  шаҳри Норак аст, ки дар шӯбаи “Агроинвестбонк”- и маҳаллӣ чор сол ба ин сӯ ифои вазифа мекард. Аммо айёми охир вазъи молии ин бонк ба далели кризиси иқтисодӣ хуб арзёбӣ намешавад ва таъкид мегардад, ки бо як қатор мушкилот сарбасар омадааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика