Қаблан мо кисми аввали қиссаи талхи модари Ҷанатуллоҳи Комил — Саймо Куловаро нашр карду будем, ки аз дасти режими ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон бадтарин рӯзҳоро дидааст. Онҷо дар бораи кушта шудани падару бародари Ҷанаутллоҳ ҳикоя шуда буд, ки бо ин ҷумлаҳо тамом мешуд:
Хеле хуб ба хотир дорам, ки тақрибан нисфирӯзӣ буд ва ман бо бародару хоҳаронам дар ҳавлӣ бозӣ мекардам. Як трактор омаду назди хонаи мо қарор кард ва мо давидем то бинем, ки трактор чӣ овардааст.
Вақте ду нафар болои трактор баромаданду чизеро поён партофтанд, дидем, ки мурдаи падарам буд.
Инак идомаи он қисса:
Бадани падарам пур аз хун буд. Мо кӯдакон, гирёну нолон, ӯро бардошта ба ҳавлӣ даровардем. Модарам ҳам аз хона хориҷ шуду ба наздамон омад. Ранги рӯи паридаи ӯ ва сипас фиғонаш ҳаргиз аз хотирам намеравад. Амакам омад ва модару амакам ва ману бародарам ҷисми хуншори падарамро ба хона даровардем. Амакам бо вуҷуде, ки худаш зор мегирист, модарамро таслият мегуфт. Хоҳарони хурдсолам сари ҷисми беҷони падарам нишаста фиғон мекарданд.
Ду се ҳамсоя тарсон-тарсон омаданду зуд рафтанд. Хешовандонамон ҳам аз омадан ба хонаамон метарсиданд. Пас аз соате амакам хабари мудҳиши дигар — кушта шудани бародарамро ҳам гуфт ва аз модарам иҷоза хост, то рафта ӯро ҳам оварад.
Амакам рафт ва танҳо бегоҳ, қарибии шом ҷасади бародарамро ҳам овард. Маълум шуд то ин вақт ӯ барои дарёфтии иҷозаи қумондони Фронти халқӣ барои гирифтану овардани ҷанозаи ҷиянаш даводав кардааст.
Он шабро модарам дар як хона бо ҷанозаи ду нафари азизаш гирёну нолон рӯз кард. Ҷузъ як хоҳарбузургам ва занҳои ду амакам касе ҷуръат накард ба назди модарам биёяд. Субҳ чанд силоҳдори Фронти халқӣ омаданд. Онҳо иҷоза намедоданд, ки ҷасади падару бародарамро бишӯем. Он вақт ғамгин шуда будем, ки нагузоштанд ҳатто ҷасадашонро бишӯем, вале дертар ҳикмати ин корро фаҳмидем: ҷасади шаҳид набояд шуста шавад. Ҳарчанд онҳо аз бадбинӣ ин корро карданд, вале Худо амри худро бо дасти онҳо пиёда кард. Чизи дигаре, ки аз он рӯз ёдам мондааст, ин буд, ки хуни падарам ҳатто замоне, ки ба қабр мегузоштанд, ҷорӣ буд.
Бо талошу хархашаи зиёд бо як гурӯҳи ками мардум ҷанозаи падару бародарамро хонда, дар як қабристоне, ки худашон бо булдозер канда буданд, гӯрониданд. Дар қабристони аслие, ки гузаштагони мо онҷо хок шудаанд ва қабри Хоҷа Шақиқи Балхӣ ҳам онҷост, роҳ надоданд.
Вале бо куштани падару бародарам аз азияти мо даст накашиданд. Қариб ҳар рӯз меомаданду ба мо бо роҳҳои гуногун фишор меоварданд ва сӯи хонаамон тир мекушоданд. Се бор хонаамонро ба оташ кашиданд, вале хушбахтона муваффақ нашуданд. Нимашабе аз садои баланд бедор шудем ва дидем, ки алангаи баланде ҳама ҷоро равшан кардааст. Давида ба ҳавлӣ баромадем ва дидем, ки он аланга аз тарафи хонаи бародарам, ҳамоне, ки шаҳид карда буданд, меояд. Маълум шуд хонаи ӯро оташ задаанд ва он пурра сӯхта хокистар шуд.
Хонаи ҳар хешу табор ё шиносе. ки мехостем паноҳ бубарем, қабул намекарданд ва мегуфтанд, ки бо омадани шумо болои мо ҳам балое меоранд. Як солу ду сол мо ҳамеша дар тарсу ҳарос будем ва ҳар лаҳза омадани балоеро мунтазирӣ мекашидем.
Баъди куштани амакбачаҳоям ва падару бародарам амаки модарам — Мирзоев Пирмуҳаммад ва амаки дигараш, ки номаш ба хотирам намондааст, шаҳид карданд. Инчунин аз наздиконамон як оиларо, ки шавҳар тоҷику занаш руси мусалмоншуда буд, бо шумули зану шавҳар ва чаҳор фарзандашон шаҳид карданд. Танҳо ду фарзанди онҳо бо инояти Худо зинда монд.
Бар болои он ҳама ғаму андӯҳ ва дарду ранҷи зиёд, ки модарам медид, маҷбур шуд мани 10 соларо ҳам ба шаҳри Қӯрғонтеппа гурезонад, то баногоҳ ба қатл нарасонанд. Чун ҳамон рӯзе, ки ба гулӯям корд ва ба сарам силоҳ гузошта буданд, аз ояндаи ман сахт дар ташвиш буд. Ман муддати 20 ё 30 рӯз дар Қӯрғонтеппа гуреза будам ва баъди он бо ин гумон, ки вазъ беҳтар шудааст, ба Себистон баргаштам. Аммо вазъ баръакс бадтар шуда буд. Мо дар як муҳосираи иқтисодиву равониву тиббӣ қарор доштем, ки ҳатто ба духтур ҳаққи муроҷиъат кардан надоштем.
Мехоҳам инҷо достони хоҳарам Кибриёро нақл кунам. Аслан ӯ хоҳар неву ҷияни ман буд, вале чун дар хонаи мо бузург шуда буд, хоҳараш мехондем. Аз ин ки онҳо дугоник буданд — Хадиҷаву Кибриё ва модараш имкони нигоҳубинашонро надошт, Кибриё дар хонаи мо бузарг шуда буд, ки модарам нигоҳубин мекард.
Кибриё, ки панҷ сол дошт, аз қатли падар ва таҳдиду фишорҳо ба беморие гирифтор шуда буд. Ҳар замон хун мепартофт ва шикамаш сахт дард мекард. Вале ҳеҷ табибе ҷуръат намекард, ки ӯро табобат ё ҳатто муоина кунад. Дарандаҳои Фронти халқӣ табибонро огоҳ карда буданд, ки ҳар касе ӯро табобат кунад, паронда хоҳад шуд. Бо ин ҳама куштори аҳли хонаводаамон, аз кӯдакон ҳам дастбардон набуданд ва барои муҳосираи мо ҳама корро анҷом медоданд.
Як субҳи аввалбаҳор, ки ҳаргиз аз хотирам намеравад ва яке аз сахттарин рӯзҳои зиндагиям аст, бедор шудам, ки модарам назди тиреза Кибриёро ба оғӯш гирифта нишаста буд. Ман ҳам наздаш рафта нишастам. Аз хунпартоии зиёд ранги Кибриё рӯз то рӯз сафедтар мешуд. Се моҳ бештар шуда буд, ки Кибриёро ба беморхона роҳ намедоданд. Ин субҳ рангаш аз ҳарвақта ҳам паридатар ба назар мерасид. Модарам бе садо ашк мерехт. Намедонам чанд дақиқа ё соат мо ҳамин тавр нишастем ва баногоҳ фиғони модарам баланд шуд. Ва ман дарёфтам, ки Кибриё, ин кӯдаки маъсуми 5-сола аз бераҳмиву сангдилии силоҳбадастони Фронти халкӣ баъди ранҷу азоби чандинмоҳа ҷон дод…
Идома дорад