Saturday, November 15, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетИМА расман Русияро дар таҳоҷуми хакерӣ гунаҳкор карданд

ИМА расман Русияро дар таҳоҷуми хакерӣ гунаҳкор карданд

Мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои нахустин бор русияро дар ҳуқумҳои хакерӣ ба сохтори Ҳизби демократии ин кишвар гунаҳкор карданд. Дар вашингтон ба ин назаранд, ки Москва мехоҳад ба натиҷаи интихоботи раисҷумҳури ИМА таъсир расонад.

Вазорати адлия ва Раёсати ҷосусии миллии ИМА баёнияи муштарка дар ин замина содир карданд.

“Мақомоти таҷассусии ИМА мутмаъинанд, ки амри шикастани паёмҳои электронии шахсиятҳо ва сохторҳо, аз ҷумла ташкилотҳои сиёсии ИМА аз тарафи ҳукумати Русия содир шудааст” — омадааст дар ин баёнияи муштарак.  

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки усули шикастани пӯстҳои электронӣ дар бештари ҳол бо ҳаракоти хакерҳо аз Русия шабоҳат дорад.

“Бо назардошти ҳаҷми ҳуҷумҳо, мо ба ин назарем, ки мансабдорони баландпояи рус дар ин кор даст доранд” — изҳор кардаанд хадамоти ҷосусии амрикоӣ.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?