Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоДар Тоҷикистон ҳизби «Оила» таъсис шудааст ?

Дар Тоҷикистон ҳизби «Оила» таъсис шудааст ?

Кумитаи кор бо занон  ва оила  аз зиёд шудани аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оила» иттилоъ додааст. Вале дар хабаре, ки ин Кумита дар сомонааш нашр кардааст, фаромўш шудааст, ки ташкилоти мазкур ба Ҳизби халқии демократӣ ҳизби ҳокимро ишора намоянд.

Ин иштибоҳ хонандаро машкук гардонда, эҳтимоли таъсис ёфтани боз як хизби дигар бо номи “Оила”-ро дар зеҳнҳо халқ мекунад.


Кумита иттилоъ медиҳад, ки  «Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оила» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ҳадафҳои барномавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ саъю талош намуда, аъзони он дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ иштироки фаъолона доранд ва сафи аъзоёни он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.


Дар ҷаласаи назоратии назди Раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо боз як нафар корманд Абдуллоева Матлюба Шукруллоевна ба аъзогии ташкилоти ибтидоӣ қабул гардида, билети ҳизбӣ дар фазои тантана тақдим карда шуд. Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти корӣ намуда, ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол менамоянд».

Қобили зикр аст, ки вақтҳои охир аксарият сайтҳо ва рӯзномаҳои давлатӣ бо иштибоҳ ва хатоҳои зиёд матлаб нашр мекунанд, ки боиси нанг аст. Дар худи ҷумлаҳои дар боло иқтибоси овардашуда ба ҷуз номафҳум будани ин ки ташкилоти ибтидоии “оила” ин ҳизб аст ё ташкилоти зертобеи ҲХДТ, калимаи “аъзоён” ба тамом нодуруст ва дар забони тоҷикӣ ингуна калима вуҷуд надорад. Худи калимаи аъзо ин шакли ҷамъи узв аст, ва пасванди “ён” зиёдатӣ мебошад.


ҲХДТ яке аз ҳизбҳои яккатозест,  ки соли гузашта рақиби асосии худ ҲНИТ-ро бо гуноҳҳои бофтаву сохта аз саҳна  ронду роҳбарони онро ба солҳои тулонӣ  ва ҳукми  абад зиндонӣ кард. Ҳоло ин ҳизб 480 ҳазор аъзо дошта, дар вазорату идораҳои давлатӣ зиёда аз 200 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика