Нархномаи наве ошкор гардидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз мардуми худаш пинҳон медорад. Дар ин робита дар сомонаи иттилоотии “Озодагон” матлабе нашр гардидааст. “Озодагон” навиштааст, ки “Барқи тоҷик” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ифшои маълумот дар хусуси болоравии нархи барқ худдорӣ мекунанд ва ҳамагуна иттилоъро дар ин робита беасос меҳисобад.
Аммо ин ниҳод нархномаеро ба даст овардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст.
Гуфта мешавад, ин нархнома 1 уми октябри соли равон аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст ва тибқи он сар аз 1 уми ноябри соли 2016 ин санад дар амал кӯчида, 1 киловат нерӯи барқ 14, 65 дирам қимат пайдо мекунад. Корхонаҳо як киловат нерӯи барқро ба қимати 35, 65 сомонӣ хоҳанд харид.
Барои коргоҳҳои буҷавӣ нархи ҳар Гкал гармӣ 51 сомонӣ ва ниҳодҳое, ки мардумро бо гармӣ таъмин мекунанд ва дар шакли яклухт гармӣ мехаранд, 6,64 сомонӣ муайян шуда, муштариёни дигар 196,3 сомонӣ пардохт мекунанд.
“Озодагон” таъкид кардааст, “Нархномаи нави нерӯи барқу гармӣ, тамоми муштариёни “Барқи тоҷик”-ро, ба истиснои корхонаи алюминийи тоҷик-“ТАЛКО”, дар бар мегирад.”
Дар ҳамин ҳол ҳукумат гуфтааст, ки ин амал барои пешрафти соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ пиёда мешавад, ки ба пуштибонӣ ва ғамхориҳои давлат ниёз дорад.
Аммо ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонад, ки чаро ширкати “Барқи тоҷик” аз муштариёни худ баландравии нархи барқу гармиро сар аз 1 уми ноябри соли равон пинҳон медорад. Дар ҳамин ҳол мардуми ҷумҳурӣ имкон доранд, ки боз рӯзҳои башуморе аз нерӯи барқи арзон истифода намоянд. Бо оғози моҳи ноябр нархи барқ қимат мегардад. Аммо “Барқи тоҷик” дар ин робита ба аҳолӣ иттилоъ намеҳад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат ҳам ба хабарнигори “Озодгон” дар бораи болоравии қимати нерӯи барқу гармӣ изҳори бехабарӣ кардааст.