Дар Арабистони Саудӣ як узви хонадони шоҳигарии ин мамлакатро бо ҳукми додгоҳ ба қатл расониданд.
Писари шоҳ, ки ному насабаш Туркӣ бинни Сауд ал- Кабир мебошад, барои куштани як дӯсти худ муттаҳам мешуд.
Гуфта мешавад, Одил ал- Муҳаммад аз тири шоҳписар дар шаҳри Ар- Риёд кушта шуда, боз як тани дигар ҷароҳати сангин бардоштааст.
Ин воқеа се сол пеш аз ин рӯх дода ва дар мамлакат сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд, аммо додгоҳ бо пойфишории ҷониби ҷабрдида пас аз баррасиҳои бардавом барои муҷозоти гумонбар ҳукми олиро пиёда намуд.
Турки бинни Сауд ал- Кабир ба пайвандони нафари кушташуда миллионҳо доллар ба сифати хунбаҳо пешкаш намудааст, аммо онҳо аз гирифтани хунбаҳо сар кашида, аз додгоҳи мамлакат хостори он шудаанд, ки барои тантанаи адолат шоҳписарро ҷазои лоиқ бидиҳад. Дар натиҷа додгоҳ ҳукми қатли шоҳписарро эълом намудааст.
Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ҳукми қатли шоҳписар рӯзи сешанбе, 18 уми октябри соли равон ба амал бароварда шуд. Таъкид мегардад, ки ин воқеа дар таърихи хонадони шоҳигарии Арабистони Саудӣ собиқа надошта ва бори аввал як узви ин хонадон бо ҳукми додгоҳ ба қатл мерасад.