Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоАзимҷон Ваҳҳобов: Ҳукумат қодир нест ҳатто бо тӯҳмат ба ҲНИТ муқобила кунад

Азимҷон Ваҳҳобов: Ҳукумат қодир нест ҳатто бо тӯҳмат ба ҲНИТ муқобила кунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо усули кӯҳнаи худ алоқаи маҳрамонаи ду нафарро, ки аз худ муллову қорӣ ном мебурдаанд, навори видеоӣ карда, дар телевизиони давлатӣ пахш намуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо усули кӯҳнаи худ алоқаи маҳрамонаи ду нафарро, ки аз худ муллову қорӣ ном мебурдаанд, навори видеоӣ карда, дар телевизиони давлатӣ пахш намуд.

Гузашта аз ин ВКД ин ду нафарро узви ҲНИТ хондааст, вале ҳеҷ далелеро бар узвияти онҳо дар ин ҳизб пешкаш накардааст. Ба назар мерасад дар ин кор ҳам ВКД азусули кӯҳнаи худ — наҳзатӣ муаррифӣ кардани ҳар ҷинояткор, кор гирифтааст.

Паём.нет аз узви Раёсати олӣ ва Шӯрои иҷроияи ҲНИТ Азимҷон Ваҳҳобов хоҳиш кард назарашро дар ин масъала баён кунад.

Азимҷон Ваҳҳобов

Азимҷон Ваҳобов гуфт: Бояд бигуям, ин бори аввал нест, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон тавассути кормандони КДАМ нафарҳоеро бо тамғаи даст задан ба “фасоди ахлоқӣ”  дастгир намуда, онҳоро аъзои ҲНИТ муаррифӣ карданд. Онҳо барои ин кор “Фабрикаи ҷавоб” ва “Нури назҳатро” ташкил карданд ва бо навиштан ва пахш кардани мақолаҳо ва матлабҳои туҳматангез дар расонаҳои давлатӣ ва ҳамчунин пахш кардани наворҳои “фаҳш”, ки  аз тариқи фейкҳо ва номҳои мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоштанд, ба бадном кардани ҲНИТ машғул шуданд. Ин кор дар чанд соли ахир ба таври барномарезишуда ва ҳадафмандона сурат гирифт ва авҷи ин иттиҳомот ба соли 2014 ва миёнаи соли 2015 рост меояд, ки ниҳоятан ҲНИТ дар моҳи сентябри соли 2015 бо ҳукми Додгоҳи Олӣ дар кишвар мамнӯъ эълон гардид.

Ин ки барои бастани ҲНИТ, ҳукумати Тоҷикистон аз тамоми василаҳои ғайриқонунӣ ва тӯҳмату бӯҳтон истифода кард ба касе пӯшида нест. Аммо ин ки чаро онҳо дар баробари дигар василаҳо аз “фасоди ахлоқӣ” истифода бурданд, сабабаш дар ин аст, ки Наҳзати исломии Тоҷикистон дар баробари он, ки як ҳизби сиёсӣ аст, ҳизби арзишмеҳвар ва динӣ ҳам ҳаст ва ин масъала, ки бояд як наҳзатӣ мултазим ва пойбанд ба арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ бошад аз муҳимтарин тафовутҳое аст, ки ҲНИТ бо дигар ҳизбҳо дорад ва дар тӯли таърих душманони дини ислом барои бадном кардани афроде, ки қоил ба арзишҳои исломӣ ҳастанд, аз ҳамин роҳ, яъне бадном кардани онҳо ба “фасоди ахлоқӣ” истифода кардаанд. ҲНИТ ҳам ҷузъе аз маҷмӯъаи ҷаҳони ислом аст ва ҳеҷгоҳ аз иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистон ва душманони ислом дар амон намондааст.

Тарафи дигари масъала ба ин бармегардад, ки баъд аз ҷаласаи махфии мақомот бо ширкат ва раисии Президент дар 24 ноябри соли 2011, ки мавзӯъи асосии он машварат ва амалӣ намудани роҳкорҳо оиди бастани ҲНИТ ва бад кардани чеҳраи ислом ва қишри рӯҳоният дар назари мардум буд, асоситарин васила ва роҳе, ки онҳо метавонистанд ҲНИТ  ва дар маҷмӯъ қишри диндорро бадном кунанд ҳамин масъалаи “фасоди ахлоқӣ” буд. Зеро аз як тараф беш аз 98% мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва бо ҲНИТ пайванди фитрӣ доранд агарчӣ аъзои расмии он ҳам набошанд. Бинобар ин ҳукумат мехоҳад ба мардум ин паёмро расонад, ки наҳзатиҳо ба меъёрҳои арзишӣ ва исломӣ пойбанд нестанд. Аммо мақомот фаромӯш кардаанд,ки ба “фасоди ахлоқӣ” муттаҳам кардани наҳзатиҳо кори осон нест, зеро мардум худ аз наҳзатиҳо хуб огоҳанд ва ҳамчунин аз кирдори мақомоти ҳукумати авлодӣ низ, ки беш аз 24 сол аст  ҷомеаи мусалмони кишвар дар асари нотавонӣ ва бефарҳангию бемаданиятии мақомот ба як ҷомеаи фақиру камбизоат табдил шуда фасод ва ришва ва ба фаҳшу ҳаромхурӣ даст задани кормандони давлатӣ ва дуздии молу мулк ва сарвати мардум тамоми рагу пайванди ҳукумат ва ҷомеаро фаро гирифтааст.

Вале тааҷҷубовар аст, ки баъди манъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар кишвар ва бо вуҷуде, ки раиси ҷумҳур ҳам ҳамаи атрофиёни худро бо рақсидани худ дар расидан ба пирӯзии комилаш табрик карду паём дод, ки душман ва рақиби аслиашро нобуд кардааст, якбора пайдо шудани боз наворҳои “фасоди ахлоқӣ” дар шабаҳои телевизиони давлатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумат заифтар аз он аст, ки битавонад андешаи озодиталабӣ  ва ислоҳотхоҳӣ дар кишварро бо роҳи тӯҳмат ва иғвоангезӣ бибандад. Ҷунки вазифаи асосии ҳукумат на назорати рафтори аъзои як ҳизб, балки таъмин намудани мардуми кишвараш бо зиндагии саодатманд ва сазовор аст ва ҳукумати феълӣ натанҳо натавонист мардумро бо зиндагии саодатмандона таъмин намояд, баракс ҳар рӯз кишвари мо аз дунёи пешрафта ва мутамаддин фарсахҳо дур монда, аз тарс ва даҳшати фақру нодорӣ ва зулми мақомот сели бузурге аз ҳамватанони мо равонаи кишварҳои дигар шуда истодаанд, ки агар як ду  соли дигар ин раванд идома ёбад  дар дохили кишвар ба ҷуз шахсони маъюбу нотавон,ки ба ғулом табдил мешаванд ва як қишри дузду ғоратгар ба номи “корманди давлатӣ”,  каси дигар боқӣ нахоҳад монд, ки ин маънои нестшавии миллат ва давлатро дорад. Бинобар ин вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар барои ислоҳи вазъ худро бетараф нагирифта барои беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум ва расидан ба як зиндагии саодатмандона ва халос шудан аз зулми режими ситамгар саҳми худро гузорад..

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика