Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоСе нозири тоҷик ба Тошканд хоҳанд рафт

Се нозири тоҷик ба Тошканд хоҳанд рафт

Чаҳор нафар номзад дар сабқати курсии раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон расман сабти ном шудаанд.

Гуфта мешавад, ин нафарон Шавкат Мирзиёев (иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур), Сарвар Отамуродов(муовини раиси палатаи поёнии парлумон), Ҳотамҷон Кетмонов (раиси ҳизби ҳалқӣ-демократӣ) ва Наримон Умаров (раиси ҳизби “Адолат”) мебошанд, ки Маркази интихоботии ин кишвар расман эътироф намуд.

Барои назорати рафти интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон, ки 4 уми декабри соли равон баргузор хоҳад гашт, интизор меравад, аз саросари кишварҳои ҷаҳон нозирон ширкат мекунанд. Аз Тоҷикистон се нафар нозир ба Тошканд рафта, ба шаффофияти баргузории ин маъракаи муҳими сиёсии кишвари ҳамҷавор баҳо хоҳанд дод. Бино бар иттилоъи расида, Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари Маркази интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Академияи илмҳо ва Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Коршиносони дар интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон шанси нахуствазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев назар ба рақибони худ бештар аст. Мирзиёев пас аз марги Ислом Каримови 79 сола, ки Ӯзбакистонро 29 сол идораву бо сиёсати худкомааш вирди забонҳо буд ва билохира дар авоили моҳи сентябри соли равон аз сактаи мағзӣ вафот кард, ин шансро ба даст овард ва ҳанӯз маълум нест, ки дар сурати интихоб гардидан аз пайраҳаи устоди худ гом мениҳад ва ё пайраҳаи хешро бунёд месозад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика