Friday, July 18, 2025
ads
HomeХабарҳоҲукумати Эмомалӣ Раҳмон қудрати нигоҳубини 1 маъюбро надорад

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон қудрати нигоҳубини 1 маъюбро надорад

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз минбарҳои баланд пайваста аз кӯмак ба бенавоёну ятимон ва пирону маъюбон сухан мегӯяд. Вақте ба ҳарфҳояш гӯш медиҳӣ, гумон мекунӣ, ки бо ин раҳбари ғамхор ҳатто як ятим ё бенавое дар кишвар боқӣ намондааст, аз ғамхории давлат бебаҳра монда бошад.

Вале оё воқеъият чунин аст? Оё давлат ба доди маъюбону бенавоён мерасад?

Як маъюбе ҳаст, ки бинобар фаъол буданаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аксари онҳое, ки аз ин шабакаҳо ифтифода мекунанд, мешиносанд. Ному насабаш Абдурашид Сафаров аст, аз ноҳияи Фархор. Бо вуҷуди доштани зиндагии хеле танг, ки аз навиштаҳояш дар фейсбук пайдост, ӯ хеле зиндадил аст ва бо навиштаҳои ҷаззобаш ба мардум фараҳ мебахшад. Бо вуҷуди маъюбӣ ҳаргиз ноумед нест, аниқтараш набуд ва ба хелеҳо умед мебахшид.

Абдурашид чанд бор аз муроҷиаташ ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ва бидуни посух мондани онҳо, сипас муроҷиъатҳояш ба дастгоҳи Раисҷумҳуру ба ҳукуматҳои маҳаллӣ равон шудани онҳо навишта буд. Баъдан аз ба худи Эмомалӣ Раҳмон навиштанашу боз ҳам ба ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста шудани мактубаш хабар дод. Ӯ ба ин назар буд, ки номаҳояш ба дасти Раисҷумҳур намерасад ва кормандони дастгоҳаш аз ӯ мушкилоти мардумро пинҳон медоранд.   

Вале билохира корд ба устухони Абудурашид ҳам расид ва ӯ дар охирин, аниқтараш пеш аз охирин навиштааш дар фейсбук хулосаи кард:

“Нома навистан ба Дастгоҳи Президент бе фоидаву бе мантиқ будааст. Онҳо номаҳоямро ба Президент нею ба ҳукумати ноҳияамон пас равон мекунанд. Ҳукумати ноҳияи Фархор бошад, аллакай одат кардааст, ки аз қафои он номаҳо назорат нест, бо як занги телефону аҳволпурсӣ иктифо мекунанду хостаҳои ман бошад муаллақ боқӣ мемонанд.”

Одатан ҳукуматҳои худкома барои пешгирӣ аз шармандагии оммавӣ ба ҳодисоте, ки расонаӣ мешаванд, таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Вале ба назар мерасад, ҳукумати ҷинояткори Эмомалӣ Раҳмон ба шармандагӣ ҳам тан додааст ва ба ҳеҷ хабари расонаишуда ҳам таваҷҷӯҳ намекунад. Ҳатто агар ин хабар ба обрӯи худи Раисҷумҳур дахл дошта бошаду дурӯғҳои аз минбар эълонкардаи ӯро фош созанд.

Ё ин ҳукумати фасодзада қудрати таъмини як маъюбро надорад…

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?