Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоМанъи либосҳои исломӣ дар макотиби Қазоқистон

Манъи либосҳои исломӣ дар макотиби Қазоқистон

Дар тамоми макотиби Қазоқистон пӯшидани ҳиҷоб ва дигар анвои либоси мусалмонӣ манъ гардид. Вазорати маориф ва илми ин кишвар гуфтааст, ки дар макотиби қаламрав либоси ягонаро ҷорӣ кардааст ва пӯшидани ҳар гуна либосҳо ҳангоми ҳузур доштан дар мактаб хилофи ноизомномаи нав аст ва аз ин амал шадидан ҷилавгирӣ карда мешавад.


Назар ба гуфтаи муовини вазири маориф ва илми Қазоқистон Элмир Суханбердиев истифодаи либосҳои мазҳабӣ, ҳиҷоб, бурқаъ ва дигарҳо дар мактабҳо аз ин пеш ҳам мамнуъ буд, аммо аз ин баъд дар ин масъала эътибори ҷиддӣ дода хоҳад шуд.  

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар Қазоқистон таблиғи рӯирости дину мазҳабҳо дар мактабҳои дунёвии ин кишвар  комилан мамнӯъ аст ва нафароне, ки даст ба ин амал мезананд, тибқи қонунҳои ҷории ин мамлакат муҷозот хоҳанд гашт.


Вазорати маориф ва илми Қазоқистон хабар додааст, ки дар макотиби кишвар ҳанӯз сар аз 14 уми январи соли 2016 низоми либоси ягона ҷорӣ шуда буд ва хонандагон маҷбур ҳастанд, ки ин тартибро рио намоянд.

Либосҳои мактабии донишомӯзони Қазоқистон ифодагари меъёрҳои дунявӣ буда, ба сохти давлатдории милли ин кишвар муносиб аст ва Вазорати маориф ва илм гуфтааст, ки хонандагон бояд аз он ифтихор кунанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика