Saturday, February 7, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКорманди коммисариати ҳарбӣ дар ҳолати фурӯши билети ҳарбӣ дастгир шудааст

Корманди коммисариати ҳарбӣ дар ҳолати фурӯши билети ҳарбӣ дастгир шудааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нозири мизи ҳарбии як ҷамоати деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  хабар додааст, ки  бо ҷурми гирифтани пора бар ивази билети ҳарбӣ дастгир шудааст.

Гумонбаршуда, марди 43-сола, санаи 19-уми октябри соли 2016, аз зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои додани билети ҳарбии қалбакӣ ба писари 21-солааш маблағи 3000-сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст.

Тибқи баъзе маълумотҳо дар Тоҷикистон на фақат гурезагон  то гузаштани муҳлати даъватияшон, то 27 солагӣ бо супоридани пора ва ё харидани билети ҳарбӣ аз хидмати ҳарбӣ халос мешаванд, балки ҳатто онҳое, ки дар хидмати Артиши миллӣ адои хидмат мекунанд, ҳар моҳ  гарави саломат ва зинда монданашон ба афсарони боломақоми худ мудом то анҷоми адои хидмат пора дода меистанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular