Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз рӯи одати қадимааш, ки дар ҳар мулоқоте бо мақомоти кишварҳои дигар аз истирдоди тоҷикон сӯҳбат мекунад, дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Туркия ҳам аз ӯ хост тоҷикони паноҳбурда ба ин кишварро истирдод кунанд.
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоглу зимни як сафари корӣ субҳи имрӯз вориди Тоҷикистон шуда, сараввал бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов, сипас бо расиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом додааст.
Ҳадаф аз сафари вазири турк тавсеъаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон гуфта мешавад, аммо ба назар мерасад, мушкили асосии мақомоти тоҷик шаҳрвандони фирории ин кишвар ҳастанд, ки ҳеҷ мулоқоти хориҷие бе зикри эшон анҷом намепазирад. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон “аз ҷониби Туркия ҷиҳати андешидани чораҳои муассиру таъхирнопазири боздошту истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои даст доштанашон дар аъмоли террористию экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, даъват ба амал” овардааст.
Бо гумони ғолиб Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар назар доштааст, ки чанд нафари эшон дар Туркия сукунат меварзанд. Аммо дар ҳоле, ки ҳеҷ кишвари дунё то ҳол на ҲНИТ-ро террористӣ эътироф ва на ягон аъзои онро истирдод кардааст, оё Туркияе, ки дар садраш як ҳизби исломгаро қарор дорад, чӣ посухе хоҳад гуфт, суоли вақт аст.
Дар ҳамин ҳол сайти расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Раҳмон ҳатто ба худаш иҷоза додааст, ғайримустақим ҷониби дигарро ба духӯрагӣ дар мубориза бо терроризм муттаҳам кунад. Ӯ гуфтааст “ҷониби Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму экстремизм истифода аз “стандартҳои дугона”-ро қабул надорад.»