Tuesday, November 11, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири корҳои хориҷаи Туркия дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе ширкат кард

Вазири корҳои хориҷаи Туркия дар намози ҷумъаи масҷиди марказии Душанбе ширкат кард

Мавлуд Човушоглу, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки бо як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дар намози ҷумъаи масҷиди Имом Тирмизӣ ширкат варзидааст.

Ширкати ин мақоми баландпояи туркро дар сафи намозгузорон, мардум бо хушҳолӣ истиқбол намудааст. Намозгузории як вазир байни мардум, ки дар Тоҷикистон собиқа надорад, бисёриҳоро ба ҳайрат овардааст.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури қаблии Туркия Абдуллоҳ Гул низ соли 2009 зимни сафараш ба Душанбе дар намози ҷумъаи ҳамин масҷид ширкат варзида буд. Он вақт Абдуллоҳ Гул бо мардум ҳам дастфишориву ҳолпурсӣ карда буд, ки баъди каме мақомоти амниятӣ бо ҳар баҳона ин корро қатъ карданд.

Дар Тоҷикистон, ки то имрӯз ҳеҷ мақоми баландпояи давлатӣ дар намозҳои ҷумъа ширкат накардааст. Аз соли 2013 ширкати ҳамаи командони давлатӣ дар намози ҷумъа мамнӯъ аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?