Tuesday, May 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКашфи чоҳи нави нафт ар Ӯзбекистон

Кашфи чоҳи нави нафт ар Ӯзбекистон

Epsilon Development Company Ширкати амрикоӣ дар  Узбекистон чоҳе нафте кашф кард, ки 10 миллион тонна нафт ва 7 миллиард метри мукааб газ дорад. 

Тавре расонаҳои узбекӣ хабар додаанд,  чоҳи нафт дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон кашф шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ ширкати Epsilon Development Company ва ширкати ҳонконгии Epsilon Asia Limited барои фаъолият дар бахши ковиши нафту газ дар Узбекистон муттаҳид шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ҳаҷми сармоягузории ду ширкат дар соҳаи нафту гази Узбекистон ба 5 миллиарду 200 миллион доллар мерасад.

Гуфта мешавад,  ибтидо тамоми нафту гази истихроҷшуда дар бозори дохилии Узбекистон фурӯхта мешавад. Сар аз моҳи марти соли ҷорӣ ширкатҳои мазкур дар чанд минтақаи дигари Узбекистон низ ба кофтани нафт машғул ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular